Санаи 28.01.2020 дар бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ аз тарафи Марказии истедодҳои ҷавон семинар-омӯзиш дар мавзӯи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва бизнес-исдея байни лоиҳнависон ва ихтироъкорони ҷавон гузаронида шуд. Дар ин семинар шунавандаҳо донишҷӯёни Донишгоҳ ва хонандагони мактабҳои миёнаи атрофи шаҳри Кӯлоб буданд. Сараввал сухани ифтитоҳиро сардори МИҶ Сайфуддинов Ф.Ш. шунида шуда, кори семинарро мутахассиси МИҶ Назаров А.А пеш бурд. Мақсади асосии семинарро дастгирии ҷавонони лаёқатманд дар самти лоиҳанависӣ ва омодагӣ ба озмуни Start-Up Choihona XII ба ҳисоб мерафт.