Санаи 05.02.2020. дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи “ Экстеремизм-терроризм ва омилҳои гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ” баргузор гардид. Дар конференсия сухани ифтитоҳӣ ба ноиби ректор оид ба тарбия номзади илмҳои педагогӣ Назаров Ҳотамшо дода шуд, дар суханронии худ иброз намуданд, ки ҳарсол қариб ҳазорҳо ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ шомил мешаванд, ки ин боисии нигаронии ҷомеа ва давлат аст. Баъд аз суханронии ноиби ректор оид ба тарбия Назаров Ҳотамшо, мудири кафедраи ҳуқуқ ва муносибатҳои байналлмилалӣ номзади илмҳои сиёсӣ Муродова Гулчеҳра дар мавзӯи "Хавфи терроризм ба ҷомеа ва ҷавонон" баромад намуд. Дар конференсия омӯзгорон унвонҷӯён ва донишҷӯён иштирок доштанд. Баъд аз шунидани маърӯза конференсияи мазкур бо саволу ҷавобҳо ба итмом расид.