Санаи 05.02.2020. дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ аз тарафи раёсати тарбия дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Кӯлоб ва ташкилоти Ҷамъиятии “Имрон”конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи “ Зуроварӣ дар оила” баргузор гардид. Дар конференсия сухани ифтитоҳӣ ба ноиби ректор оид ба тарбия номзади илмҳои педагогӣ Назаров Ҳотамшо дода шуд. Дар суханронии худ зикр намуданд, ки имрӯзҳо садҳо оилаҳо бо сабаби ҷавон ва тайёр набудани худ ба зиндагии мустақилона пароканда мешаванд ва ин боиси нигаронии аҳли ҷомеа ба ҳисоб меравад. Баъд аз суханронии ноиби ректор оид ба тарбия Назаров Ҳотамшо саҳнае аз ҷониби ҳунармандони театри ш. Кӯлоб ба номи Сайдалӣ Вализода дар бораи зуровари дар оила ва пешгирии он гузаронида шуд. Баъд аз тамошои саҳнаи ғамангезе, ки аз ҷониби ҳунармандон пешкаш гардида буд, аз тарафи аҳли толор баҳои баланд дода шуд.