KGU

Форуми ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “ Роҳ ва усулҳои муосири муқовимат бо таҳдиду хатарҳои замони муосир, бахусус ифротгароии хушунатомез дар байни ҷавонон”

Форуми ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “ Роҳ ва усулҳои муосири муқовимат бо таҳдиду хатарҳои замони муосир, бахусус  ифротгароии хушунатомез дар байни ҷавонон” 21.02.2020

Форуми ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “ Роҳ ва усулҳои муосири муқовимат бо таҳдиду хатарҳои замони муосир, бахусус ифротгароии хушунатомез дар байни ҷавонон”

Санаи 14. 02.2020 дар толори муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон форуми ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “ Роҳ ва усулҳои муосири муқовимат бо таҳдиду хатарҳои замони муосир, бахусус ифротгароии хушунатомез дар байни ҷавонон” баргузор гардид. Аз Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ тибқи пешниҳоди ноиби ректор иод ба тарбия, н.и.п, Назаров Ҳ.С., шахсони зерин дар бахшҳои алоҳидаи форум ширкат варзида бо маърӯзаҳо суханронӣ намуданд:

1.     Лоиқов Парвиз - раиси шӯрои олимони ҷавони Донишгоҳ;

2.     Шамшоди Ҷамшед - муовини сардори раёсати илм ва инноватсияи Донишгоҳ;

3.     Латифов Манучеҳр - сардори шуъбаи ҷавонони Донишгоҳ;

Форуми мазкур худи ҳамон рӯз дар толори маҷлисгоҳи Китобхонаи милли дар ҳузури кулли иштирокчиён ва модераторони бахшҳои алоҳидаи форум ҷамбаст гардид. Дар ҷамбасти форум ба як қатор иштирокчиёне, ки дар бахшҳо фаъолона ширкат варзиданд “СИПОСНОМА”-ҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд. Аз Донишгоҳ бошад, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон, ки дар бахши ТИК ширкат варзид “СИПОСНОМА”-и Кумита супорида шуд. Форуми мазкур бо қадрдонӣ баитмом расид.

   

 

 


Back to the list