KGU

Озмуни “Start-Up Choihona XII” баргузор гардид

Озмуни “Start-Up Choihona XII” баргузор гардид 21.02.2020

Озмуни “Start-Up Choihona XII” баргузор гардид

Санаи 15.02.2020 аз тарафи Маркази истеъдодҳои ҷавони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо дастгирии раёсати Донишгоҳ ва ҳамкории Муассисаи давлатии ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон (МДТРСТ), БРСММ дар Тоҷикистон, UNDP, Megafon tojikiston дар бинои асосии донишгоҳ, озмуне таҳти унвони “Start-Up Choihona XII” баргузор гардид.

Мақсади асосии озмун дастгарии ҷавонони лаёқатманд, дарёфти истеъдодҳои нав, дар замири донишҷӯён бедор намудани маҳорату малакаи илмомӯзӣ, ҳар чӣ бештар ба китобхонию илмомӯзӣ ҷалб намудани таваҷҷуҳи онҳо дар самти лоиҳанависию ихтироъкорӣ ва бедор намудани шавқи онҳо дар самти бизнес-идея мебошад.

Иштирокчиёни дар даври аввали озмун 70-нафар худро дар маркази истеъдодҳои ҷавони Донишгоҳ ба қайд гирифта, ба даври ниҳоӣ 31-нафари онҳо роҳхат гирифтанд.

 

Бо қарори комиссияи озмунӣ се нафар иштирочӣ ғолиби озмун дониста шуда, бо як ададӣ ноутбукҳои леново қадрдонӣ гардиданд:

1; Ҳабибуллозода Саёҳат- донишҷӯи курси сеюми факултаи филологияи хориҷӣ;

2; Муродова Амина– донишҷӯи курси дуюми факултаи физика ва математика;

3; Суярзода Мафтуна- донишҷӯи курси дуюми факултаи филологияи хориҷӣ;

Боқимонда ҳамаи иштирокҷиён ба сертификат ва туҳфаҳои хотиравии МДТРС Тоҷикистон, БРСММ дар Тоҷикистон, ширкати Megafon қадрдонӣ гардиданд.

 

 


Back to the list