KGU

Вохури бо Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон

Вохури бо Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон 25.02.2020

Вохури бо Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон

Санаи  24. 02. 2020 дар бинои маъмури  Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ вохури бо ҲСДТ баргузор гардид. Ҳакимов Шокир Қосимҷонович мувини аввали раиси ҲСДТ бо омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳ доир ба интихоботи вакилони халқ  суханронӣ намуданд.

  

Зимни вохурӣ муҳтарам Ҳакимов Ш. иброз доштанд ки Тоҷикистон ба демократияи воқеӣ ниёз дорад яъне: Дасрасӣ ба  имконият барои ҳама шаҳрвандон дар раванди қабули қарорҳо ки манфиатҳои ҳаётан муҳим дорад. Интихоботи ҳаққонӣ, қонуният, шаффофият, ҳисоботдиҳанда ва масъулият дар ҳама шохаҳои ҳокимият. Парламент боят як палата ва мустақиман интихоб карда шавад; Ҳукумат мустақил, вале ба парламен ҳисобдиҳанда бошад.

Баъд аз суханронии пурмуҳтавои Ҳакимов Ш.Қ ҳозирин саволҳои худро доир ба ин мавзуъ пешниҳод намуда, ҷавобҳои қонеъкунанд гирифтанд.

Бо ҳамин вохурӣ ба итмом расид.                

          


Back to the list