KGU

Модар фаришта буд.

Модар фаришта буд. 04.03.2020

Модар фаришта буд.

Санаи 03.03.2020. дар бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ аз тарафи донишҷӯёни факултаи филологияи рус ва филологияи тоҷик ва журналистика бо роҳбарии Қувватова Муҳаббат Конфронси илмӣ-амалӣ бахшида ба “Рӯзи модар”баргузор гардид.

  

Саравал сухани ифтитоҳӣ ба саромӯзгори кафедраи забони тоҷикӣ бо методикаи таълими он Қувватова М. А. дода шуд, ки дар баромади худ иброз доштанд, ки модар сарчашмаи ҳаёт буду набуди ҳар як шахсият ба ҳисоб меравад. Дар Конфронс  маърӯзаҳо, порчаҳои шеърӣ ва саҳначае аз тарафи донишҷӯён пешкаши ҳамагон гардид. Дар воқеъ модар бузургтарин ганҷинаи рӯи замин ба ҳисоб меравад, пас мо бояд қадри ин ганҷинаро бидонем. Конфронси мазкур  бо шунидани суруди зебое дар васфи модарон ба итмомрасид.

  

Back to the list