KGU

Таҷлили бошукӯҳи "Рӯзи модарон"

Таҷлили бошукӯҳи "Рӯзи модарон" 04.03.2020

Таҷлили бошукӯҳи "Рӯзи модарон"

Санаи 04. 03. 2020 дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ бахшида ба “Рӯзи модар” баргузор гардид. Чорабини аз ду қисмат иборат буд: тантанавӣ ва фарҳангӣ. Дар қисмати тантанавии чорабини нахуст сухани ифтитоҳӣ ба ректори Донишгоҳ доктори илмҳои педагогӣ, профессор муҳтарам Мирализода А. М дода шуд. Зимни баромад қайд карданд, ки модарон ва занони Ҷумҳуриямонро ба ин рӯзи идашон табрику муборакбод гуфта барояшон орӯзӯи онро менамоям, ки чун баҳорон зебо ва хандон боқӣ монанд.

  

Инчунин дар чорабини яке аз шоираҳои   шаҳри Кӯлоб Хосият В. иштирок доштанд, ки аз ашъори пурғановати худашон порчаҳои шеърӣ дар бораи бузургии зан-модар ва меҳри он қироат намуданд.

Қисмати фарҳангии чорабини бошад, аз тарафи донишҷӯёни   факултаи омӯзгорӣ ва фарҳанг бо шеъру суруд ва рақс пешкаши тамошобинон гардид, ки ҷолиби диққати ҳамагон гардид.

Дар охири чорабини сухани ҷамъбасти ба ректори Донишгоҳ дода шуд, ректори Донишгоҳ доктори илмҳои педагогӣ, профессор муҳтарам Мирализода А.М. аз тамоми ҳозирин изҳори сипос карданд ва   илова намуданд, ки бо қарори Вазорати маориф   ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз    фардо эътиборан ҳама ба   ниқобҳои   тавсия   шуда дохили Донишгоҳ   шаванд.


  


Back to the list