KGU

Сад ҷону дил фидои як муддаои модар

Сад ҷону дил фидои як муддаои модар 07.03.2020

Сад ҷону дил фидои як муддаои модар

Санаи 07.03.2020. дар бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ бахшида ба муносибати Рӯзи модар аз тарафи факултети филологияи хориҷӣ зери унвони “Сад ҷону дил фидои як мудаои моддар” баргузор гардид.



  

Чорабини аз ду қисмат иборат буд: тантанавӣ ва фарҳангӣ. Дар қисмати тантанавии чорабини нахуст сухани ифтитоҳӣ ба декани факултети филологияи хориҷӣ муҳтарам Гуламадшоев Ш. дода шуд, зимни суханронии худ иброз доштанд, ки тамоми занон ва бонувони Ҷумҳуриямонро ба муносибати “Иди модарон” табрику таҳният гуфта барояшон беҳтарин хушиҳои зиндагиро таманно менамоям.

Қисмати фарҳангии чорабини бошад, аз тарафи донишҷӯёни   факултети филологияи хориҷӣ бо шеъру суруд ва рақс пешкаши тамошобинон гардид, ки аз тарафи ҳамагон хуб пазируфта шуд.

Бо ҳамин чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ ба итмом расид.

  



Back to the list