Санаи 12-13-уми марти соли 2020 дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон даври ниҳоии Олимпиадаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардад. Барои шаффоф ва дар сатҳи баланд баргузор гардидани Олимпиада ҳайати ҳакамон аз ҳисоби олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии таъсис дода шуд.
Аз Донишгоҳ низ донишҷӯён дар ин олимпиада иштирок варзиданд, ки дар ҷамъбасти озмун Ҳусайнов Ҳусниддин донишҷӯи курси 5-уми факултаи химия, биология ва география ғолиби ҷои аввал дар соҳаи химия ва Авалов Бахтиёр донишҷӯи курси 3-юми факултети физика ва математика дар соҳаи техналогияи иттилоотӣ ғолиби ҷои сеюм гардид.
Ва дар охир аз ҷониби роҳбарияти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибони Олимпиада имтиёз дар намуди дохил шудан ба зинаҳои магистратура ва докторантура PhD дода шуд.