Санаи 17. 03. 2020 дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз баргузор гардид.
Чорабини аз ду қисмат иборат буд: тантанавӣ ва фарҳангӣ. Дар қисмати тантанавии чорабини нахуст сухани ифтитоҳи ба ректори Донишгоҳ доктори илмҳои педагогӣ, профессор муҳтарам Мирализода А. М дода шуд. Зимни баромад қайд карданд, ки ҷашни Наврӯз имкон медиҳад, ки аҳли башар ба ин падидаи нодири бостонӣ ҳарчи бештар таваҷуҳ намуда, ба кишту кор шурӯъ намоянд ва аз таъриху фарҳангӣ гузаштаи хеш огаҳӣ пайдо намоянд.
Қисмати фарҳангии чорабинӣ бошад, ки аз тарафи раёсати тарбия бо ҳамкории шуъбаи ҷавонон ва факултетҳо бо шеъру, суруд ва рақс омода гардида буд пешкаши тамошобинон гардид.
Бо ҳамин чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз ба итмом расид.