Аз моҳи ноябри соли ҷорӣ Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба 25-солагии Ҳизби халқии демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни “Беҳтарин шоири ҷавон”-ро миёни ҷавонони сини 14 то 30-сола баргузор намуд. Озмуни мазкур санаи 19 –уми марти соли 2020 дар арафаи таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз ҷамбаст гардид. Дар натиҷаи хулосаи аъзоёни тадорукотии озмун, ҷойҳо муайян карда шуданд. Дар натиҷа аз Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон – Латифов Манучеҳр бо гирифтани ҷойи дуюм бо “ДИПЛОМ ДАРАҶАИ 2” аз ҷониби КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб қадрдонӣ гардид.