KGU

Конференсияи илмӣ-назариявии шаҳрӣ дар мавзӯи “Муҳофизати табиат-муҳофизати Ватан аст”

Конференсияи илмӣ-назариявии шаҳрӣ дар мавзӯи “Муҳофизати табиат-муҳофизати Ватан аст” 28.03.2020

Конференсияи илмӣ-назариявии шаҳрӣ дар мавзӯи “Муҳофизати табиат-муҳофизати Ватан аст”

Дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ санаи 28.03.2020 конференсияи илмӣ-назариявии шаҳрӣ дар мавзӯи “Муҳофизати табиат-муҳофизати Ватан аст” баргузор гардид.

  


Дар оғози конференсия сухани ифтитоҳӣ ба ректори Донишгоҳ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор муҳтарам Мирализода А.М. дода шуд. Зимнан дар баромади худ иброз доштанд, ки табиат худ ҳастии инсон аст, пас моро мебояд, ки онро муҳофизат намоем ва барои бозҳам гул-гул шукуфоии ватани азизамон талош варзем.

Баъдан мувофиқи барномаи конференсия омӯзгорони донишгоҳ ва дигар муҳаққиқон доир ба самтҳои гуногуни муҳофизати табиат маърӯзаҳо намуданд. Аз ҷумла:



1) Баротов Ҷ.Қ. номзади илмҳои география, мудири кафедраи география ва сайёҳӣ дар мавзӯи ”Баъзе ҷанбаҳои экологию географии муҳофизати ёдгориҳои табиии минтақаи Кӯлоб: вазъи имрӯза ва оянда”;

2) Неъматов С. сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ш. Кӯлоб дар мавзӯи “Ҳифзи табиат-асоси рушди сайёҳӣ”;

3) Ҳусайнов Д. саромӯзгори кафедраи химия ва биология дар мавзӯи” Мушкилоти экологии Кӯлоб”;

4) Кенҷаев В. ассистенти кафедраи география ва сайёњї дар мавзӯи”Роҳҳои ҳифз ва афзун намудани сарватҳои табиии минтақаи Кӯлоб”;

5) Мазарипова М. донишҷӯи курси чоруми факултети химия, биология ва география дар мавзӯъи”Таъсири ифлосшавии манбаъњои обӣ аз партовҳо”;

Баъд аз шунидани маърӯзаҳо аз ҷониби докторантон, омӯзгорон ва донишҷӯён ба маърӯзачиён саволҳо пешниҳод гардид, ки ба ҳама саволҳо маърӯзачиён ҷавоби мукамал доданд.

Конференсияи илмӣ-назариявии шаҳрӣ тањти унвони “Муҳофизати табиат-муҳофизати Ватан аст” ба қабули муроҷиатнома ба аҳли ҷомеа ва ҷавонони кишвар ба итмом расид.            


  



Back to the list