Иштирокчиёни конфронси илмӣ-назариявии шаҳрӣ бо унвони “Муҳофизати табиат- муҳофизати Ватан аст” ба аҳли ҷомеа ва ҷавонони кишвар.
Ҳамоиши мазкур дар асоси Нақшаи баргузории машваратҳои илмӣ ва илмию техникӣ, конференсияҳо ва семинарҳои Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар соли 2020 баргузор гардид.
Дар ҳақиқат, ҳифзи табиат яке аз мушкилоти асосии экологӣ ба ҳисоб рафта, таваҷҷуҳи тамоми олимонро ба худ ҷалб намудааст. Олимон вобаста ба муҳити зист ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ фикру андешаҳои худро аз минбарҳои гуногун бо изтироб пешниҳод намуда истодаанд, ки дастгирии онҳо дар ҷомеаи имрӯза ва барои оянда саривақтӣ мебошад. Мушкилоти асосии масъалаи баррасишуда тағйирёбии иқлим, афзоиши аҳолӣ, норасоии оби нӯшокӣ, зиёд шудани офатҳои табиӣ, буҳронҳои молиявию иқтисодӣ, озуқаворӣ, энергетикӣ, бемориҳои сирояткунанда, хушкшавии баҳру уқёнусҳо, обшавии пиряхҳо ва дигар таҳдиду хатарҳои муосир, ки аз вайроншудани низоми табиат дар тамоми ҷаҳон сар мезананд, мебошанд.
Вобаста ба масъалаи мазкур Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари СММ чандин маротиба таваҷҷуҳи олимону муҳаққиқонро барои ҳифзи табиат ҷалб намуданд, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳаматарафа дастгирӣ ёфтанд.
Тозаву озода нигоҳ доштани макони зисти худ, гӯшаи ноободеро ба гулистон табдил додан ва ғамхорона муносибат кардани кас ба олами набототу ҳайвонот аз муҳимтарини аркони дӯстдорию эҳтиром гузоштан нисбат ба Ватан мебошад. Дар робита ба ин ин, мо, иштирокчиёни конфронс, ки бо ташаббуси кафедраи география ва сайёҳии факултети химия, биология ва география гузаронида шуд, ба ҷомеа ва ҷавонони кишвар МУРОҶИАТ НАМУДА, ДАЪВАТ МЕНАМОЕМ:
1. Ҷиҳати беҳтар намудани вазъи экологии мамлакат саҳмгузор бошанд;
2. Дар васеъ намудани майдони ҷангалзорҳо, боғҳо, минтақаҳои сабз ва таблиғоти истифодаи мақсадноки онҳо мусоидат намоянд;
3. Ҷиҳати сарфакории об ва истифодаи самараноки сарватҳои табиӣ бетараф набошанд;
4. Дар семинарҳо, лексияҳо, мубоҳисаҳо, таблиғот ва дигар чорабиниҳое, ки ба ҳифзи табиат равона гардидаанд, иштироки фаъолона намоянд.
5. Оид ба ҳолати муҳити зист лоиҳаҳои инноватсионӣ таҳия намоянд;
6. Сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукуматро, ки ҳифзи муҳити зист бо фаъолияти ҷомеа ҳамоҳанг сохта мешавад, дастгирӣ намоянд;
7. Ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маърифати экологӣ мутахассисони соҳаҳои химия, биология, экологоя ва география дар байни аҳолии минтақаи Кӯлоб корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монанд;
8. Муҳаққакони ҷавон оид ба мавзӯи мазкур дар рӯзномаю маҷаллаҳои даврӣ мақолаҳои илмӣ – оммавӣ нашр намоянд.
ШАҲРИ КӮЛОБ, 28-УМИ МАРТИ СОЛИ 2020