KGU

ДДК нисбат ба пешгирии коронавирус бетараф нест

ДДК нисбат ба пешгирии коронавирус бетараф нест 09.04.2020

ДДК нисбат ба пешгирии коронавирус бетараф нест

Санаи 08.04.2020 дар бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо дастгирии раёсати тарбия ва ҳамкориҳои кормандони Шуъбаи кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар минтақаи Кӯлоб оид ба пешгирии бемории коронавирус фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.

  


Сухани ифтитоҳӣ ба сардори шуъбаи кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар минтақаи Кӯлоб полковник Саидзода А.С дода шуд, ки дар баромади худ зикр намуданд: “Ба хотири пешгирии ин беморӣ бояд ҳар шаҳрванд ба тозагӣ риоя намуда, ҷиҳати солимии ҷомеа саҳмгузор бошад”.

Сипас, ба донишҷӯён оид ба пешгирии ин беморӣ видеоролик ба намоиш гузошта шуд, ки дар фарҷоми видеоролик аз ҷониби донишҷӯён ба кормандони кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар минтақаи Кӯлоб суолҳо пешниҳод намуданд, ки посухи худро ёфтанд.

Чорабинӣ бо сухани ҷамъбастии ноиби ректор оид ба тарбия, номзади илмҳои педагогӣ Назаров Ҳ.С. анҷом ёфт, ки доир ба ин масъалаи мубрами рӯз суханронӣ намуда, даъват ба он оварданд, ки барои пешгирии ин беморӣ ба тавсияҳои додашуда риоя карда шавад.

 

   


Back to the list