Санаи 16.04.2020 дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси ҲХДҶТ дар ш. Кӯлоб, Хадамоти муҳоҷират ва Маркази Ҷумхуриявии Ташаккули тарзи хаёти солим конференсияи фаҳмондадиҳӣ оид ба пешгирии бемории “Коронавирус” гузаронида шуд.
Сухани ифтитоҳии ин ҷамъомадро муовини ректор оид ба муносибатхои байналмиллалӣ дотсент Шарофат Худойдодова оғоз намуда, меҳмононро ба ҳозирин шинос намуданд.
Дар Конференсия сардори шуъбаи хадамоти муҳоҷирон дар шаҳри Кӯлоб Раҳмонов Икром Эмомалиевич , Мутахасиси муҳоҷирати меҳнатӣ дар Муасисаи давлатии тарзи хаёти солим Сурайё Иброхимова, Сардори Кумитаи Иҷроияи ҲХДҶТ дар шаҳри Кӯлоб Ҳамидиён Орзу ва Директори Муасиссаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ташаккули тарзи ҳаёти солим Мухторова Парвина Шавкатовна иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар раванди фаҳмондадиҳӣ инчунин аз ҷониби ҳозирин оид ба пешгирии ин вабои аср суолҳо пешниҳод карда шуданд, ки мутахасисон ба онҳо ҷавобҳои дурустро пешниҳод намуданд. Инчунин қайд карданд, ки саломатии худ ва атрофиёнатонро аз ин беморӣ ҳифз намоед.