Дар конференсияи илмӣ-назариявии ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён оид ба натиҷагирии корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар соли 2019 бахшида ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ” (солҳои 2020-2040) баъд аз ҷаласаи ифтитодӣ кори конференсия рӯзҳои 23-25-уми апрели соли равон дар 28 бахш идома ёфт. Дар маҷумаъ мувофиқи барнома дар 28 бахш баррасии 859 маърӯза (392 нафар омӯзгорон, 102 нафар докторантони PhD ва магистрантон , 365 нафар донишҷӯён) ба нақша гирифта шуд, ки дар ҳар факултет ва кафедра омӯзгорон, докторантони PhD, магистрантон ва донишҷӯён бо маърӯзаҳои интихобнамудаашон баромад намуданд.