KGU

ТАШРИФИ САФИРИ ҶУМҲУРИИ ҲИНДУСТОН ДАР ТОҶИКИСТОН БА ДОНИШГОҲ

ТАШРИФИ САФИРИ ҶУМҲУРИИ ҲИНДУСТОН ДАР ТОҶИКИСТОН БА ДОНИШГОҲ 08.07.2020

ТАШРИФИ САФИРИ ҶУМҲУРИИ ҲИНДУСТОН ДАР ТОҶИКИСТОН БА ДОНИШГОҲ

Санаи 07.07.2020 сафири Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Вираҷ Сингх ва котиби дуюми сафорат доктор Абдул Самӣ ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ташриф оварданд. Дар ин сафар бо намояндагони сафорати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар донишгоҳ раиси шаҳри Кӯлоб Вализода Абдуқодир Исуф низ ҳамроҳӣ доштанд. Коллективи омӯзгорон, донишҷӯён ва роҳбарияти Донишгоҳ ҳамаи меҳмононро бо як самимияти хоса пешвоз гирифтанд.

Дар нишасти мазкур сараввал раиси шаҳри Кӯлоб суханронӣ намуда, меҳмононро шодбош гуфтанд. Сипас ректори донишгоҳ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Мирализода Абдусалом Мустафо суханронӣ намуда, меҳмононро ба шаҳри бостонии Кӯлоб, махсусан ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ хушомадед гуфтанд.

        

         Мирализода А.М. қайд намуданд, ки барои мо боиси ифтихору сарфарозист, ки дар партави татбиқи сиёсати хориҷӣ дар Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон муносибатҳои ҳасанаи дӯстӣ ва ҳамкории Тоҷикистон бо соири кишварҳои дунё, аз ҷумла бо кишвари бо мо дӯсту бародар Ҳиндустон дар ҳоли рушд қарор дорад. Инчунин ба тавассути таълимоти орифонаи мутаффакири машриқзамин Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, ки решаҳои авлодиашон ба Ҳиндустон мебарад, робитаҳои фарҳангии ин ду кишварро қавӣ гардонида онро сол то сол густариш медиҳад. Дар ин росто, ҳамасола шахсони баландмақом ва даҳҳо сайёҳони кишвари Ҳиндустон мақбараи ин орифи бузургро зиёрат мекунанд.


         Ҳамзамон роҳандозӣ гардидани ҳамкориҳои гуногунҷамба ва судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишвари ба мо дӯсту ҳамҷавори Ҳиндустон дар самти илму маориф дар давраи соҳибистиқлолӣ имкон фароҳам оварданд, ки як қатор лоиҳаҳо ва Созишномаҳои байнидавлатӣ ба имзо расида, дар заминаи онҳо табодули донишҷӯёну омӯзгорон ва кормандони соҳаи илму маорифи кишвар дар Ҳиндустон анҷом дода шаванд.

            Ҳамин аст, ки дар давоми солҳои таҳсили 2017-2019 Шӯрои Ҳиндустон оид ба пешбурди муносибатҳои фарҳангии Сафорати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Тоҷикистон, бурсияҳо (квота) барои донишҷӯёни Тоҷикистон ба таҳсили базавӣ (3 сол), таҳсили пас аз хатми Донишгоҳ (2/3 сол) ва таҳсили докторӣ (5 сол) дар Донишгоҳҳои олии Ҳиндустон зиёда аз 40 барномаву имконоти таҳсили коромузӣ ва тадқиқотҳои илмӣ дар кишвари Ҳиндустон барои донишҷӯёну омӯзгоронро эълон намуда, бо ташаббуси Сафорати Ҳиндустон дар Тоҷикистон дар Донишгоҳ озмунҳо гузаронида шудаанд, ки дар онҳо зиёда аз 150 нафар довталабон иштирок намуда, дар доираи барномаҳои гуногун ба Ҳиндустон ба таҳсил фарогир шудаанд.

         Боиси хушнудист, ки соли 2018 сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистон ҷаноби Шри Сомнат Гош, котиби сафир оид ба масъалаҳои фарҳангӣ Абдул Самӣ ва муаллимаи йога хонум Видио Пракаш Амуте ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ташриф оварда, семинар дар мавзӯи «Йога барои сиҳатӣ ва саломатӣ» баргузор намуданд.

         Дар семинари мазкур зиёда аз 200 нафар донишҷӯён иштирок доштанд, аз ҷумла 50 нафар донишҷӯёни факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ, пас аз машғулиятҳои дарсӣ бевосита дар раванди машқи йога иштирок намуданд.    

         Инчунин ёдовар мешавем, ки то имрӯз 13 нафар омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳ дар конференсияҳо, саммитҳо, курсҳои такмили ихтисос, зинаи бакалавр ва магистратура дар кишвари Ҳиндустон таҳсил намуда, донишҳои андӯхтаашонро дар раванди таълиму тарбия васеъ истифода мебаранд.

 

Рӯйхати омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар солҳои таҳсили 2017-2019 ба Ҷумҳурии Ҳиндустон ташриф овардаанд:

 

Ному насаб

Вазифа

Номи муассиса

Барнома

Санаи сафар

1

Абдулло Ҳабибулло

Собиқ ректор

Саммит

FHES

 

11-19.11.2017

2

Садафмоҳ Нуриддин

донишҷӯ

Донишгоҳ Андра Прадеш

Магистратура

2015-2017

3

Бобоев Аъзам

донишҷӯ

Донишгоҳ Андра Прадеш

Магистратура

2015-2017

4

Умарова Сафарбӣ

омӯзгор

Донишкадаи идоракунии маҳсулоти ш. Кансбаҳал

курси такмили ихтисос

2016

5

Табаров Боймуҳаммад

омӯзгор

Донишгоҳи UTL Technology Limited, ш. Бангалор

курси такмили ихтисос

2016

6

Акобирова Саъбагул

омӯзгор

 

курси такмили ихтисос

2016

7

Сафаров Бахтиёр

омӯзгор

 

курси такмили ихтисос

2016

8

Мирзоев Шуҳрат, Самадов Раҳматулло

омӯзгор

 

курси такмили ихтисос

2016

9

Табаров Шеравган

омӯзгор

Донишгоҳи Ҳайдаробод

курси такмили ихтисос

2017

10

Камолов Фаррухрӯз

омӯзгор

Донишгоҳи Деҳлӣ

курси такмили ихтисос

2019

11

Нурмадова

омӯзгор

Донишгоҳи Ҳайдаробод

магистратура

2014-2016

12

Раҷабов Ёқуб

 

Донишгоҳи Ҳайдаробод

бакалавр

2014-2016

13

Абдураҳмонова

Нилуфар

 

Мадрас

бакалавр

2016-2020


         Дар рафти суҳбат ректори донишгоҳ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Мирализода А.М. барои боз ҳам густариш додани ҳамкориҳои самарабахш дар самти илму маориф якчанд пешниҳод карданд, ки умедворем баҳри боз ҳам тақвит бахшидани ҳамкориҳо, беҳтар гардидани сатҳу сифати таълим мусоидати созгор хоҳад дошт.

    

Пешниҳод:

1. Солҳои қаблӣ (то соли 2018) дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ озмуни лоиҳаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон, аз ҷумла, лоиҳаи ICCR (Стипендияи Шурои муносибатҳои фарҳангии Ҳиндустон) ва ITEC (Барномаи ҳамкории техникӣ ва иқтисодии Ҳиндустон) аз ҷониби намояндаи Сафорати Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардид, ки барои такмил додани дониши омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳ хеле мусоидат менамуд. Аз ин лиҳоз пешниҳод менамоем, ки чунин иқдоми дӯстона байни сафорати Ҷумҳурии Ҳиндустон ва Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бори дигар ба роҳ монда шавад.

2. Хуб мешуд, ки дар оянда шартномаҳои дуҷониба оид ба табодули донишҷуёни зинаи бакалавр, магистратура ва докторантураи PhD байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва донишгоҳҳои Ҷумҳурии Ҳиндустон баҳри тақвият додани донишу малакаи донишҷӯён ба тасвиб расонида шаванд;

3. Коркарди ва ҷалби лоиҳаҳои муштараки таълимӣ аз ҷониби донишҷӯёну омӯзгорони ҳарду ҷониб ва таъсиси лабаратория дар назди факултети физика ва математикаи Донишгоҳ бахшида ба 20 солаи рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

4. Гузаронидани семинару конфронсҳо оид ба робитаҳои фарҳангии Тоҷикистону Ҳиндустон;

5. Даъвати мутахассисон барои хондани лексияҳо ва гузаронидани курсҳои махсус;

6. Барои ташвиқу тарғиб намудани фарҳанги ду кишвар, зарур мешуморем, ки дар назди Донишгоҳи давлатти Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ маркази фарҳангии Ҳиндустон кушода шавад.

    

Дар рафти суҳбат сафири Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Вираҷ Сингх ба ректори донишгоҳ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Мирализода А.М. ҷиҳати дар сатҳи баланд қабул намудани онҳо ва пешниҳодоти густаришдиҳандаи ҳамкориҳо изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Дар охири нишаст ректори донишгоҳ, мӯҳтарам Мирализода А.М. ба меҳмонони рамзи суннатии тоҷикон тоқии чакан, расмҳои бо даст тасвирёфтаи мақбараи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва манзараҳои табиати нотакрори Тоҷикистон, китоби Тоҷикони Бобоҷон Ғаффуров ва асари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих» (бо забони аглисӣ) ҳамчун туҳфа тақдим намуданд.

    


Back to the list