Санаи 05.08.2020 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор гардид.
Қобили қайд аст, ки озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар асоси низомнома ҷиҳати таъмини иҷрои мактуби Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16.03.2020, №16/10-83 бо дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии донишҷӯён, магистрантон, докторантони PhD ва омӯзгорони донишгоҳ; баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯён, магистрантон, докторантони PhD ва омӯзгорони донишгоҳ; тарғибу ташвиқи китобдориву китобхонӣ; дарёфти ғолибон ҷиҳати пешниҳод ба даврҳои минбаъда баргузор карда шуд.
Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ озмуни мазкурро дар ду давр: даври аввал дар факултетҳо, ки он дар моҳи аперел гузаронида шуда буд ва даври дуюм дар сатҳи донишгоҳ имрӯз баргузор гардида истода аст. Озмуни мазкур тибқи низомнома, ки дар асоси фармоиши ректори донишгоҳ тасдиқ гардидааст аз рӯи панҷ номинатсия зерин гузаронида шуд:
- аз ёд кардану хондани осори адибони классики тоҷик;
- аз ёд кардану хондани осори адибони муосири тоҷик;
- аз ёд кардану хондани ашъори бачагона ва афсонаву ривоятҳои халқи тоҷик;
- аз ёд кардану хондани осори адабиёти ҷаҳон;
- истеъдоди шоирӣ.
Дар маҷмӯъ, 42 нафар довталабон ба даври донишгоҳӣ роҳ хат ёфта, беҳтаринҳо ба даври шаҳрӣ пешниҳод карда мешаванд.
Комиссияи озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» истеъдоди донишҷӯён, магистрантон, докторантони PhD ва омӯзгоронро ҳамаҷониба мавриди омӯзиш қарор дода, бо имзои раиси ҳакамон ва аъзои ҳайат хулосаҳои лозимиро пешниҳод намуданд.
Ғолибони озмун аз тарафи комиссияе, ки аз тарафи ректори донишгоҳ тасдиқ карда шудааст муайян ва бо ифтихорнома ва туҳфаҳои пулӣ қадрдонӣ мегарданд, ҳамзамон, ба даври шаҳрии озмун пешниҳод карда мешаванд.
Натиҷаҳои кори озмун дар сомонаи донишгоҳ ва рӯзномаи «Анвори дониш» интишор мегарданд.
Комиссияи озмун ва ҳайати ҳакамон аз рӯи меъёрҳои зерин ба дараҷаи маҳорат ва истеъдоди довталабон баҳо доданд:
- шарҳи мухтасари асар;
- маълумот оид ба қаҳрамонони асосии асар;
- баёни лаҳзаҳои ҷолиби асар;
- озодбаёнӣ ва санъати суханварӣ;
- ҳунари ровигӣ;
- қобилияти луғатдонӣ ва тавзеҳи он;
- дарки дурусти мазмун ва муҳтавои асар;
- таассуроти довталаб аз хондани осор.
ОМӮЗГОРОН
НОМИНАТСИЯИ АЗ ЁД КАРДАНУ ХОНДАНИ
ОСОРИ АДИБОНИ КЛАССИКИ ТОҶИК
1. Шарифов Шамсиддин - омӯзгори кафедраи математика ва методикаи таълими они факултети физика ва математика.
НОМИНАТСИЯИ АЗ ЁД КАРДАНУ ХОНДАНИ
ОСОРИ АДАБИЁТИ ҶАҲОН
ДОНИШҶӮЁН ВА МАГИСТРАНТОН
НОМИНАТСИЯИ АЗ ЁД КАРДАНУ ХОНДАНИ
ОСОРИ АДИБОНИ КЛАССИКИ ТОҶИК
1. Давлатмуродов Қурбоналӣ - донишҷӯи курси 4-уми факултети таърих ва ҳуқуқ;
2. Бобоева Мавзуна - донишҷӯи курси 2-юми факултети иқтисод ва идора.
НОМИНАТСИЯИ АЗ ЁД КАРДАНУ ХОНДАНИ
ОСОРИ АДИБОНИ МУОСИРИ ТОҶИК
1. Умаров Саидшо - донишҷӯи курси 4-уми факултети филологияи тоҷик ва журналистика;
2. Раҳмонзода Манижа - донишҷӯи курси 2-юми факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ;
3. Наимов Довуд - магистранти курси 2-юми факултети филологияи тоҷик ва журналистика;
4. Зиёдамоҳи Акрамхон - донишҷӯи курси 2-юми факултети омӯзгорӣ ва фарҳанг;
5. Парвонаи Давлат - донишҷӯи курси 2-юми факултети омӯзгорӣ ва фарҳанг;
НОМИНАТСИЯИ АЗ ЁД КАРДАНУ ХОНДАНИ
АШЪОРИ БАЧАГОНА ВА АФСОНАВУ
РИВОЯТҲОИ ХАЛҚИ ТОҶИК
1. Ҳасанова Ганҷина - донишҷӯи курси 3-юми факултети омӯзгорӣ ва фарҳанг.
НОМИНАТСИЯИ АЗ ЁД КАРДАНУ ХОНДАНИ
ОСОРИ АДАБИЁТИ ҶАҲОН
1. Қодирова Марҳабо - донишҷӯи курси 3-юми факултети филологияи рус;