Рӯйдоди муҳими сиёсӣ-интихоботи Президенти Тоҷикистон, ки доираи талаботи конститутсионии ҶТ “Дар бораи интихоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” санаи 11 октябри 2020 баргузор мегардад, барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон марҳилаи муҳими баҳогузории воқеӣ ба сатҳу сифати зиндагӣ маҳсуб меёбад.
Дарвоқеъ, тӯли беш аз ду даҳсола, таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллати тоҷик, Президенти маҳбубу мардумӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон аз як вартаи ноумедиву ҷаҳолат ба сӯи шукуфоиву пешрафт гомҳои устувору мондагор ниҳода, пешорӯи ҷомеаи ҳамчун кишвари рӯ ба тараққӣ ба ҷилва омад.
Расидан ба рӯзҳои неку пурсаодат хеле мушкил буд, вале ирода ва матонат, дасти кор гирифтан аз хиради азалии миллат дар таҳкими аввалин давлати миллӣ баъди ҳазорсолаҳо, маҳз бо заҳмату талош, ҷонфидоиҳои фарзонафарзанди миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо нархи дилу баҳои ҷон хостори таъмини сулҳу амният дар кишвар буданд, муяссар гардид. Имрӯз таҷриба ва формулаи сулҳи тоҷиконро, ки бар пояи хираду таҳаммулпазирӣ асос ёфтааст, институтҳои сиёсии манотиқи мухталифи ҷаҳон меомӯзанд ва дар таҳкими суботи кишварҳояшон истифода мекунанд.
Таре маълум аст, дар давраи оғози бунёди давлатдории навин Эмомалӣ Раҳмон на фақат ҳамчун як роҳнамову мутаккои халқ, балки ҳамчун як сиёсатмадори варзида Ҷумҳурии Тоҷикстонро ба масобаи як нигини дурахшон дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуда, мо, тоҷикон дар минбарҳои баланди созмонҳои бонуфузу дунё ҷойгоҳи хоса пайдо намудем.
Ба феҳристи фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО шомил шудани мусиқиҳои аслии Шашмақому Фалак, чакан ва оши палав шаҳодати таъриху тамаддуни оламшумули миллати тоҷик маҳсуб меёбанд. Ташаббусҳои пайдарпайи Тоҷикистон оид ба ҳалли масъалаи оби ошомиданӣ, бахусус ташаббуси чоруми он-эълон гардидани “Даҳсолаи байналмилаии амал- ”Об барои рушди устувор”(2018-2028) нуфузи кишвари моро даҳчанд боло бурда, аз ҷониби аҳли сайёра дастгирӣ ҳамаҷониба ёфт.
Имрӯз мо ифтихор аз он дорем, ки мактаби давлатдории Пешвои миллати тоҷик намунаи арзишмандтарини садоқат ба Ватан, пос доштани арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, рушди бесобиқаи ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ, такмили парлумони касбӣ буда, ҳар нафаре, ки ин ҷоннисориҳоро нодида мегирад, шояд кӯри модарзод аст.
Мо аз ин мактаб дарси ҷавонмардию садоқат, дӯст доштани Ватан, муҳаббат ба оила, ободкорию созандагӣ омӯхтем, зеро пайвандагари наслҳои дирӯзу имрӯзи мо, Президенти феълии мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҳама муқадастарин дастоварди миллатамон, Истиқлоли давлатии тоҷиконро сарварию посдорӣ карданд.
Аз ин ҷост, ки Пешвои миллат намоди сулҳу амният ва рамзи олии садоқату ватандорӣ мебошанд, ки кулли мардуми тоҷик худро пайрави сарвари оқилу хирадманди хеш медонад.
Имрӯз низоми сиёсии давлат побарҷост, иқтисодиёти Тоҷикистон дар ҳоли рушди нумуъ қарор дорад ва иен ҳама самара ва баракати Истиқлолияти давлатӣ буда, дар пайи заҳмату талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мо муяссар гардидааст. Мусаллам аст, ки ояндаи шукуфону пурнуру зиёи мо аз интихоби дурусти ҳар як шаҳрванд вобаста аст.
Бо дарназардошти ин масъулияти бузурги шаҳрвандӣ, интихоби ман- Эмомалӣ Раҳмон аст, зеро номзади сазовор ва умеду ормони миллат, маҳз Пешвои миллат аст.
Шарофат ХУДОЙДОДОВА.
ноиби ректори ДДК ба номи А. Рӯдакӣ оид ба муносибатҳои байналмилалӣ.