KGU

МУХОЛИФОНИ ҲАРЗАГӮ ХИЁНАТКОРАНД

17.09.2020

МУХОЛИФОНИ ҲАРЗАГӮ ХИЁНАТКОРАНД

    Тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ дар давраи бисёр ҳассоси пешазинтихоботӣ дар Тоҷикистон, ба мушоҳида мерасад, чанд тани дар хориҷи кишвар қарордошта, ки мутмаъинам, кори хайру савоберо то ҳанӯз барои давлат ва ҳамватанон анҷом надодаанду, барояшон Модар-ватан ҳеҷ арзише надорад, беғамона пайи интиқоди вазъи Тоҷикистон мешаванд, ки маълум нест, чӣ ба онҳо мерасад. Агар чизе мерасад, ё маблағе барои ин корашон мегиранд, яқин бемағзиву ғайриинсон буданашонро собит мекунанд.
    Ба андешаи ман, ба ивази чанд тангаи бедарди миён ба дастомада, худро муттаҳҳам кардану ба ҳаммиллатони худ таънаву маломат задан нишонаи беғамию душмани миллат будан ва костагии рӯҳиву забонист, ки дигар ҳеҷ чиз! Фикр мекунам, дар дун ё ҳеҷ нафаре хориву зиллати худу хонаводаашоро намехоҳад! Ҳеҷ як роҳбари ҷумҳур ё сарваре нотавонии давлату миллаташро намехоҳад!
    Аз ҷумла Пешвои миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон низ. Аммо мухолифони миллат вазифаи ҷонии худро дар сиёҳ нишон додани сиёсати имрӯзаи давлату ҳукумати Тоҷикистон медонанд. Магар андеша намекунанд, ки сафедиҳо, ё ин ки он ҳама тозакориҳо ва созандагиҳое, ки дар кишвар шуда истоданд, ҳар субҳ чун нур ба ин сиёҳкарданҳои Шумо, пеши назари оламиён намудор мешавад? Бояд гуфт, ки ин ҳама андешаву назарҳои ботилу ғайриинсонии Шумо, мухолифин, бозкушояндаи чеҳраи аслии манфури шумост, ки бо баёни матлабҳои муғризонаатон дигарбора беҳаёӣ ва ноинсониатро ба намоиш мегузорад.   
    Дониста бошед, боло гардидани ин пардаи бешармию беҳаёгӣ аз рӯи шумо, нафрати аҳли ҷаҳонро нисбататон зиёдтар мегардонад, зеро агар инсонҳо бо ақли солим назар кунанд, онҳое, ки бо заҳри забон ба ҳаммиллатони худ захм мезананд, лоиқи боварӣ нестанд ва дар мавриди зарурӣ ба он хоҷагонашон низ хиёнат хоҳанд кард. Лекин, афсӯс, шумо чандон имону эътиқоди комил надоред, аниқтараш ин арзишҳои диниро, ки ҷузъи фарҳанги миллӣ мебошанд, ба қиммати як маблағи ночизе аз хоҷагони хориҷиатон, фурӯхтаед!
    Пас, душманони миллат нафратзадаву бедину диёнатанд, шахси беимону бедин бошад, душмани тамоми башарият аст.

    Шарофат ХУДОЙДОДОВА.
    дотсенти Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ.


Back to the list