KGU

ТОҶИКИСТОН КИШВАРИ ПЕШСАФИ ҶАҲОНӢ ДАР САМТИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ.

07.10.2020

ТОҶИКИСТОН КИШВАРИ ПЕШСАФИ ҶАҲОНӢ ДАР САМТИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ.

Бо дарназардошти таҳдиди афзояндаи экстремизм ва терроризм ба амнияти ҷомеаи ҷаҳонӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон бар зидди ин равандҳои номатлуб муборизаро тақвият мебахшад.
Ташкилотҳои экстремистӣ ва террористӣ, фаъолиятҳои худро барои паҳн кардани мафкураи радикалӣ, таҳрики адовати мазҳабӣ дар ҷомеа, ҷалб кардани ҷавонон ба сафи онҳо ва содир кардани ҷиноятҳои экстремистӣ ва террористӣ, бо роҳи зӯроварӣ мехоҳанд системаи иҷтимоию сиёсии кишварҳоро тағйир диҳанд.
Мафҳумҳои радикализм, экстремизм ва терроризм ба ҳамдигар алоқамандии қавӣ дошта, дар маҷмӯъ марҳилаҳои ҳамдигар ба ҳисоб мераванд.
Радикализм – нуқтаи назар ва фикру ақидаи дигар, бо роҳи тағйири куллӣ ва қатъӣ дар тартиботи мавҷудаи иҷтимоӣ ва сиёсӣ мебошад.
Экстремизм – ин даъват ба нооромӣ, даъват ба ғасби ҳокимият, зарар расонидан ва амалӣ сохтани радикализм аст. Экстремизм аз забони лотинӣ (extremes) гирифта шуда, маънои охирин, канора, тарафдори нуқтаи назари шадидро дорад.
Терроризм аз забони лотинӣ (terror) – даҳшат, ҳарос гирифта шуда, ба маънои муосираш дар охирҳои асри XVIII ҳангоми Инқилоби Бузурги Фаронса истифода шудааст.
Терроризм як навъ сиёсат, идеология ё амали иборат аз таҳдид, фишороварӣ, зурӣ нисбати шахсони алоҳида, гурӯҳи одамон, ҷомеа, ҳокимият, институтҳои ҳокимиятӣ, давлат ва низоми идоракунии он буда, баҳри расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, идеологӣ, геополитикӣ ва имкониятҳои гуногуни тарҳрезишуда равона гардидааст.
Чор шакли радикализм, экстремизм ва терроризм мавҷуд аст:
Чап; Рост; Миллӣ; Динӣ.
Ба радикалҳои чап анархистон ва ташкилотҳои ба онҳо наздик дохил мешавад. Дар охирҳои асри XIX ва ибтидои асри XX онҳо террористони хавфноктарин ба ҳисоб мерафтанд, лекин айни замон онҳо аз террор кардан дур гардидаанд. Солҳои 1960 – 1970 дар Европаи Ғарбӣ, ИМА, Америкаи Лотинӣ ва Осиё мавҷи баландтарини терроризми чап бархост. Вай аз ҷониби ҳаракатҳои миллии озодихоҳ дар кишварҳои Осиё, Африка ва Америкаи Лотинӣ ташвиқ карда мешуд. «Фракция Красной армии» (Олмон), «Красные Бригады» (Италия) ва ғ. мехостанд таҷрибаи инқилобҳои озодихоҳиро дар кишварҳои тараққикардаи Ғарб паҳн намоянд.
Ба шакли экстремизми миллӣ ташкилотҳои радикали миллии “Национал-социалистическое общество”, “Движение против нелегальной иммиграции (ДПНИ)”, “Сопротивление” ва ғ. дохил мешавад.
Чорум шакли радикализм ва экстремизм - ин радикалҳо ва экстремистҳои динӣ мебошанд, ки онҳо худро ба мусулмонони дигар ва давлат дар муқобилият мегузоранд. Ташкилот ва аъзоёни он дар ҳудуди кишвари мо низ ғайриқонунӣ фаъолият мебаранд.
Тибқи маълумоти Департаменти давлатии ИМА дар доираи ҳисоботи “Терроризм дар соли 2018” ва маълумоти сохторҳои давлатии ҶТ 2000 нафар шаҳрвандони тоҷик барои иштирок дар амалҳои ҷангӣ ва шомил гардидан ба ДИИШ (Давлати Исломии Ироқу Шом) ба Ироқу Сурия рафтаанд. Аз ин шумора зиёда аз 450 нафар шаҳрвандони тоҷик айни замон дар ҳабсхонаҳои Ироқ, Сурия ва Афғонистон зиндониянд. Дар лагерҳои барои гурезагон дар Сурия 575-нафар занону кудакон, аъзоёни оилаҳои нафароне мебошанд, ки ба гуруҳҳои дар ҳудуди Тоҷикистон манъкардашуда ба монанди “Давлати исломӣ” шомил гардидаанд. Аксари онҳо дар лагери “Ал-Ҳол” дар Хасакияи Сурия қарор доранд.
Дар маҷмӯъ дар лагер “Ал-Ҳол” 70 000 нафар одамон қарор доранд. Ва дар ин муддат 290 нафар кӯдакон бинобар сабаби гуруснагӣ, беморӣ ва мубталошавӣ ба бемориҳои сироятӣ вафот кардаанд.
Моҳи майи соли 2019 бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 84-нафар кудакони тоҷик аз Ироқ ба Ватан баргардонида шуданд. Инҳо кӯдаконе мебошанд, ки падарони онҳо дар амалиётҳои ҷангии террористӣ кушта шудаанд ва ё беному нишон гум шуда, модарони онҳо бошад дар ҳабсхонаҳо ва лагерҳои махсус қарор доранд. Кӯдакон дар зери ҳимояи Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон қарор гирифта, барои мутобиқгардонии онҳо бар зиндагонии осоишта ба онҳо кумаҳои тиббию психологӣ расонида шуда, сипас ба оилаҳо хешу таборони наздикашон баргардонида шуданд.
Таҷрибаи ҷаҳонӣ ва ватанӣ дар мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм нишон медиҳад, ки муваффақият дар ин самт таҳия ва татбиқи маҷмӯи чорабиниҳоеро талаб мекунад, ки барои безараргардонии омилҳои идеологӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва институтсионалии фаъолнокии онҳо равона карда шудаанд.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 ноябри соли 2016, №776 Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020 тасдиқ карда шуд.
Стратегияи мазкур самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти муқовимат ба экстремизм ва терроризм, вазифаҳои мақомоти давлатиро ҷиҳати аз байн бурдани омилҳои ба экстремизм ва терроризм муайян менамояд.

Муборак САФАРОВА.
Саромӯзгори факултети Иқтисод ва идора.


Back to the list