KGU

ФИЛМИ ҲУҶҶАТИИ “ХИЁНАТ” ҶИНОЯТҲОИ НАҲЗАТИЁНРО ФОШ КАРД!

12.10.2020

ФИЛМИ ҲУҶҶАТИИ “ХИЁНАТ” ҶИНОЯТҲОИ НАҲЗАТИЁНРО ФОШ КАРД!

Филми мустанади «Хиёнат», қисми 5 кирдорҳои нобахшидании сарвар ва аъзои фаъоли Ташкилоти террористӣ - экстремистии собиқ Ҳизби наҳзати исломиро (ТТЭ ҲНИ) комилан фош кард. Филми мазкур дар асоси далелҳои радношаванда, шоҳидии иштирокчиёни ҳодисаҳо ва маълумоти бойгонӣ омода карда шудааст, ки бисёр таъсирбахш аст. Зикр намудан ба маврид аст, ки қисмҳои пешни филми мазкур низ таҳия шуда буд ва ба таври васеъ мавриди намоиши мардум қарор гирифта буд.
Ҷавонон аз тамошои ин филм ба худ як ҷаҳон таассурот гирифта, бо тамошои филми ҳуҷҷатии «Хиёнат» оид ба аъмоли зишту разилона, хиёнатпешагиву нотавонбинӣ, ноҷавонмардиву ҷоҳилӣ ва бархе аз саҳнаҳои норавшани аъзо ва пайравони ташкилоти экстремистӣ - террористии ҳизби наҳзати ислом ва дигар гурӯҳҳои ифротиву иртиҷоӣ огоҳ гардиданд.
Воқеан, ин филм бори дигар собит месозад, ки имрӯзҳо дар замони талошҳои абарқудратон барои мавқеъгирии сатҳи ҷаҳонӣ, хуруҷи сартосарии бемории сироятии коронавирус муттаҳидиву ҳамдилӣ ва дасти ҳам гирифтан аз беҳтарин кирдорҳо маҳсуб ёфта, мардум ва ҷавононро ҳушдор медиҳад, ки ба қадри тинҷиву амонӣ, сулҳу субот ва ваҳдату ҳаммаромӣ расида бошем. Мо ҷавонони даврони соҳибистиқлол шукрона менамоем, ки дар давлати осоишта, демокративу ягона зиндагони менамоем ва ҳамеша сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллатро дастгирӣ намуда, дар ҳама ҳолат ҳамчун сутуни мустаҳкам дар бари халқу миллати хеш хоҳем буд ва намегузорем, то ягон нафар беватан, хоини миллат ба оромиву сулҳу суботи Тоҷикистони биҳиштосо заррае таъсири манфии худро расонад.
Зинда бод, Пешвои миллат, зинда бод Тоҷикистони биҳиштосо, зинда бод ҷавонони ба нангу номуси миллат!

Ҳамрохон КАРИМӢ, донишҷӯи ДДК


Back to the list