KGU

ИФТИХОРИ МИЛЛАТ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ

19.10.2020

ИФТИХОРИ МИЛЛАТ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ

     Дар ташаккули заминаҳои сохтору рукни давлатдорӣ падидаҳои мухталифи ҷанбаҳои сиёсию идеологӣ таъсири бевосита мерасонад. Дар сарчашмаҳои таърихию сиёсӣ ёдрас шудааст, ки дар ташаккули самтҳои идеологию иҷтимоии ҳар як давлат ду ва ё зиёда аз ин гурӯҳҳои мансабталаби мухолиф талоши ба дастовардани сохторҳои давлату давлатдории бархе аз кишварҳо ва ё минтақаро мекунанд.
     Маҳз тавассути падидаи муосир ва дар асл рисолатҳои таърихӣ бо рангҳо ва ҷилоҳои гуногун ва дар либоси навину муосир дар давлатҳои дорои сарватҳои бузурги табиӣ, аз ҷумла дар Сурия, Яман, Ироқ, Афғонистон ва қисме аз мамолики Осиёю Африко дида мешаванд.
     Тоҷикистон дар солҳои 1990-1997, яъне то ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Иҷлосияи XVI тақдирсози Шӯрои Олӣ ба ин гуна ҳолат гирифтор гардида буд. Баҳри ба даст овардани сохтору мақомотҳои давлатдорӣ, ки гӯё бозичае беш нест, бархе аз аз мухолифони солҳои 90-уми қарни гузашта, ба қавли Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо роҳбарии «Хоҷагони хориҷӣ» берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистонро қариб ба вартаи нестӣ оварда буданд.
     Ёдрас мешавем, ки ягон намояндаи мухолифин барои беҳбудии шароити зисту зиндагии фирориёни тоҷик дар сарзамини Афғонистон, ки бо ранҷ умр ба сар мебурданд, чораҷӯйи накарданд. Маҳз, Ҷаноби Олӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ин минтақаи ҷангзадаю оташгир, яъне Афғонистон сафари корӣ намуда, фирориёну муҳоҷирони тоҷикро ба ватан баргардонида, ба онҳо хонаю ҷо ва ҳаёти озоду хуррамро таъмин намуд.
     Ба далерию ҷасурии ин марди худододу эҳёгари сулҳу ваҳдати миллӣ, раиси Созмони тоҷикони Британияи Кабир дар соли 2002 Саид Ҷалоли Бадахшонӣ чунин баён намудааст: «Шумо дар зиндагии рӯзмарраи худ таҳти роҳбарии Раиси ҷумҳур ба як натиҷае расидаед, ки дар дунёи имрӯз беназир аст. Мамлакате, ки онро ҷанг фаро гирифта буду бародаркушӣ ривоҷ дошт, ба як машъали сулҳ, пирӯзӣ ва осоиш табдил шудааст. Дар ҳеҷ ҷойи дунё ва ҳеҷ касе то кунун натавонистааст, ки чунин иқдоми инсонпарваронаю ватандӯстонаро ба сомон расонад. Ва ӯ ишора кардааст, ки шумо худро хурд мапиндоред ва Раиси ҷумҳурии худро шахсияти ҷаҳонӣ бидонед, чаро, ки таҳти роҳбарии ишон ин матлаби тақдирсозу сулҳосо амалӣ гардидааст».
     Дар ҳақиқати ҳол давлате, ки иқтисодиёташ ба сифр баробар гардидаю зиёда аз 7 млрд доллари ИМА зиёни иқтисодӣ дидааст аз нав ба мисли рустании баҳорӣ, бо додани ғизои сиёсию маънавӣ ва оби мусаффои Ватан онро Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз нав умри дубора дода, эҳё намуда, бо рисолати хоси давлату давлатдорӣ, таъмини сулҳу салоҳ, ҳаёти осудаҳолонаи тоҷикону дигар халқу миллатҳо дар ҷумҳурии азизи мо истиқоматдошта, низ эътибори махсус зоҳир намуда истодааст.
     Шоири тоҷик, фирории солҳои ҷанги шаҳрвандӣ Бозор Собир бо таманниёти хоса доир ба қаҳрамониҳо, ободонию созандагии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон чунин баён намудааст: «…Агарчӣ ӯ муҳтоҷи шеъри ман нест, вале касе, ки ин қадар роҳу нақб кушодааст, ман бо ӯям. Касе, ки ГЭС-и Роғунро сохта истодааст, боз ҳам ман бо ӯям. Касе, ки пайваста дар фикри саноат аст, дар фикри корхонаҷо аст ва дар фикри техникикунии ҷумҳурият аст, ман бо ӯям» (Ҷумҳурият, таҳти рақами 211 (22773) аз 22.10.2015).
     Халқи тоҷик Ҷаноби Олӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун абармарди сиёсат медонад ва ӯ ҷилоест хомӯшношуданӣ ва пешвоест бемисл. Ҷаноби Олӣ оинаи таърихист ва рушноидиҳандаи халқи тоҷбарсар, фархундатабори насли ориёӣ ва ориёнажоди аҳли башар.

          Худо худ дод бар мо роҳу роҳбар,
          Ки шуд раҳ аз фурӯғи ӯ мунаввар.
          Чӣ Сарвар? Мақсади оянда гардид,
          Чӣ Сарвар? Лашкари поянда гардид.
          (Аз китоби «Эъҷози Раҳмон» Сафармуҳаммад Аюбӣ. Душанбе, «Ирфон» соли 2011).
      Воқеан, дар таърихи рушди ҷанбаҳои сиёсии давлатдорӣ, нақш ва мақоми ашхоси фидоии миллату эҳёкунандагони пояҳои ғоявии рисолату рукнҳои бунёдкунандаи сулҳу салоҳ, ватанпарастию, бунёдкорию созандагӣ, пайраҳаҳои пайвасти марзу буми Ҷумҳурии азизи мо бо мамлакатҳои дуру наздик ва хурду бузурги ҷомеаи башарӣ хеле ҷолибу арзишнок мебошад, ки ба ном ва амалу рафтори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ва Пешвои миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон мансуб мебошад.
     Дар марҳалаи аз як сохти давлатдорӣ ба сохтори дигар гузаштан, дар ҷанбаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, илмию фарҳангӣ, иқтисодӣ ва бунёдкорию созандагии ҷомеаи нав заминаҳою пайраҳои устувори ҷомеаи куҳанбунёди аҷдодӣ ва пайдошавии ғояҳои гуногуну мухолиф ба амал меоянд. Гувоҳи гуфтаҳои боло, ин аст, ки миллати соҳибтамаддуну соҳибмаърифати мо қаблан дар тӯли ҳазор солаҳо сохтору рисолатҳои давлатдории хешро пойдору устувор нигоҳ дошта тавонист.
     Баъди гузашти айёми ҳазор солаҳо, бо амри тақдир ва хиради азалии фарзанди бонангу номус, асосгузору поягузори сулҳу ваҳдати миллӣ, эҳёгари дубораи ҳастии давлати тоҷикон, рукнҳои миллии аҷдодӣ, рамзу нишонаҳои сохтори ҷомеаи тамаддунсози Тоҷикистон, истиқлолияти комил, ваҳдати миллӣ ва давлати тавонои демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунёвӣ ва иҷтимоӣ аз нав эҳё ва рушд ёфт.
     Боиси хушнудист, ки тавассути заҳматҳои ҳамешагии сиёсатмадори арсаи байналмилалӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлати мо нафақат барқарор, балки аз пошхӯрию ва аз гумномшавӣ аз саҳифаҳои таърих абадан раҳо ёфт.
     Бо талошу заҳматҳои созандаю бунёдкоронаи худ, Ҷаноби Олӣ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун наҷотбахши миллату давлати тоҷикон, эҳёгари рамзу нишони давлатдорӣ, забону фарҳанг ва ливои таърихию замонавии сохтори давлати ҳуқуқбунёду дунёвиро аз минбарҳои баландмақоми Созмони Миллали Муттаҳид ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд.
     Ташаббусу фаъолияти бунёдкоронаю созанда таҳкими истиқлолияти давлатию сиёсӣ ва рушду аз нав эҳё кардани соҳаҳои ободонӣ, неруҳои истеҳсолию барқӣ, саноатӣ, азнавсозию навгонии соҳаҳои маориф, тандурустӣ, беҳдошти сатҳи зиндагии аҳолӣ яке аз ҳадафу иқдомҳои сулҳҷӯёнаю ватанпарваронаи Ҷаноби Олӣ, Пешвои миллат ба шумор меравад.

   Одинамо ШАРИПОВА.
   Декани факултети филологияи рус, н.и.п


Back to the list