KGU

КОНСТИТУТСИЯ - МУАЙЯНСОЗАНДАИ ДУРНАМОИ ПЕШРАФТИ ҶОМЕА

02.11.2020

КОНСТИТУТСИЯ - МУАЙЯНСОЗАНДАИ ДУРНАМОИ ПЕШРАФТИ ҶОМЕА

Конститутсия - қонуни асосии давлат, унсури марказии низоми ҳуқуқии кишвар, заминаи эҷод ва такмили минбаъдаи қонунгузорӣ, ҳуҷҷати созиши иҷтимоӣ, муайянсозандаи дурнамои пешрафти ҷомеа ва давлат мебошад.
Ҳаракат дар масири истиқлол рӯз ба рӯз моро ба сарманзили мақсуд наздиктар, иттиҳоди моро нерӯманд ва фазои маърифати миллиро нуронитар мекунад.
Конститутсия ҳамчун бахтномаи миллат ва санади бунёдии сиёсӣ роҳи минбаъдаи пешрафту тараққиёти давлати озоду демократии моро муайян менамояд.
Конститутсияи кишвар Тоҷикистони моро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати мустақили дорои низоми мукаммали сиёсиву ҳуқуқӣ муаррифӣ намуд, ки дар он инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ буда, барои шароити зиндагии арзанда ба ҳар шахс заминаҳои устувори иҷтимоиву иқтисодӣ гузошта шудаанд.
Конститутсияи мо дар худ муҳимтарин принсипҳои демократии аз ҷониби ҷомеаи башарӣ эътирофшударо таҷассум намуда, баробарии ҳамаро дар назди қонун эълон дошт.Аз овоне, ки инсоният ба марҳилаи муайяни рушд расиду зиндагии муташаккилона оғоз намуд, дарк кард, ки ба як нерӯи низомбахш ва уқдакушою раҳнамо эҳтиёҷманд аст. Тадриҷан ифшо гардид, ки чунин нерӯи муҳим маҳз маҷмӯаи қонунҳо буда метавонад ва бидуни қонуну қоидаҳои муайян ва риояи қотеонаи онҳо зиндагӣ басо душвор ва саршор аз мухолифат хоҳад буд. Ҳамин тавр, бо амру зарурати рӯзгор ва воқеияти зиндагӣ аввалин қонунҳо рӯйи кор омаданд ва минбаъд маҷмӯи қонунҳоро созмон доданд.
Қонунгузорӣ дар ҳаёти ҷамъиятӣ дар таърихи халқи тоҷик низ таърихи куҳан дорад. Ниёгони мо дар давлатдории хеш ба як қатор қонунҳои устувор эътимод мебастанд ва дар роҳбарии халоиқи мамлакат онҳоро бар асос мегирифтанд.
Яке аз нахустин поягузорони хуқуқ ва озодиҳои инсон дар таърихи инсоният аҷдодони мо буданд ва мо ифтихор аз он дорем, ки аввалин Эъломияи хуқуқи башар ҳануз 2500 сол пеш, аниқтараш соли 539 пеш аз милод аз тарафи Куруши Кабир ба оламиён эҳдо гардида буд. Дар Эъломияи Куруши Кабир муҳимтарин принсипҳои ҳуқуқ ва озодиҳои инсон баён ёфтаанд ва имрӯз он ба ҳамаи 6 забони кории Созмони Милали Муттаҳид тарҷума шудааст. Принсипҳои Эъломияи Куруши Кабир дар 4 моддаи аввалини Эъломияи умумиҷаҳонии хуқуқи башар, ки 10 декабри соли 1948 аз тарафи СММ қабул шудааст, инъикос ёфтаанд.
Таҳия ва қабули конститутсияе, ки воқеан ҳам, ба таври куллӣ ифодакунанда ва ҳимоятсози манфиатҳои шаҳрвандон ва тамоми аҳли ҷомеа бошад, барои мардуми тоҷик танҳо пас аз расидан ба истиқлолияти давлатӣ муяссар гардид. Ба туфайли Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нерӯҳои созандаву покнияти сиёсӣ бо роҳбарии фарзанди фарзонаи халқи тоҷик Эмомалӣ Раҳмон сари қудрат омаданд ва тадриҷан вазъият дар мамлакат рӯ ба беҳбуд овард. Давра ба давра қонунҳои нав ва басо муҳим қабул гардиданд ва дар натиҷаи ин ҳама барои қабули нахустин конститутсияи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон заминаи созгор фароҳам омад.
Конститутсияи ҶТ ифодагари ормонҳои ҳазорсолаи мардуми тоҷик буда, самти инкишофи бебозгашти давлатдории миллати тоҷикро ба сӯи демократия ва бунёди давлати соҳибихтиёр, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ муайян намудааст.
Омӯзиши меъёрҳои Конститутсияи ҶТ гувоҳӣ аз он медиҳад, ки онҳо аз муқаррароти олии динӣ ва илмӣ сарчашма гирифта, тавъам ба фармудаҳои бузургони илму фалсафа мебошад.Чунончи, ҳадисе аз Расули Худо Ҳазрати Муҳаммад(с) ба мо расидааст, ки мефармояд: “Аҷри коргарро бидиҳед қабл аз он, ки арақаш хушк шавад.” Яъне, Сарвари Коинот арҷгузории меҳнат ва меҳнаткашро тақозо  намудааст”.
Ин ҳадиси саҳеҳ ифода ва тавсеаи худро дар меъёрҳои Конститутсияи ҶТ пайдо намудааст. Чунончи дар моддаи 35-и он омадааст: “Ҳар кас  ба меҳнат, интихоби касбу кор, ҳифзи меҳнат ва ҳимояи иҷтимоӣ ҳангоми бекорӣ ҳақ дорад.
Ё худ мутафаккир ва файласуфи машҳури юнонӣ Афлотун гуфтааст: “Наҷоти давлатро дар макон мебинам, ки дар он қонун ҳокими ҳукмдорон аст”.
Дигар файласуфи бузурги юнонӣ Ситсерон фармудааст:”Агар озод будан хоҳӣ, ғуломи қонун бош”. Ин гуфтаҳоро агар бо забони ҳуқуқии имрӯза ифода кунем, пас яке аз файласуфи бузург ишора ба хизматчиёни давлатӣ намуда, пойдории ҳама гуна давлатро, сараввал, ба тобеи қонун будан давлатдорон вобаста намудааст. Дигаре аз ин мутафаккирон шаҳрвандонро таъкид намудаанд, ки инсон дар ҷамъияти инсонӣ зиста, озодии худро танҳо ҳамон вақт таъмин карда метавонад, ки агар худ итоатгари қонунҳои ҷамъият бошад.
Фармудаҳои ин мутафаккирон ифодаи худро дар принсипҳои асосии давлати ҳуқуқбунёд, чун масъулияти принсипҳои асосии давлати ҳуқуқбунёд, чун масъулияти дуҷонибаи давлату шаҳрвандон ва таъмини волоияти қонун, ки дар Конститутсия таҷассум ёфтааст, пайдо намудаанд.
Конститутсияи мо боиси ифтихору шарафмандии мост. Бояд ҳамагон онро дақиқ омӯзем, аз мазмуну муҳтавояш огаҳии амиқ дошта бошем, талаботи ин ҳуҷҷати муқаддаси миллатро риоя намоем ва онро ҳамчун яке аз муқаддасоти асосии Ватани маҳбубамон эҳтирому арҷгузорӣ бикунем, муътабар донем.

Гулчеҳра МУРОДОВА.
Мудири кафедраи ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ, номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент.


Back to the list