Ҳамасола 1-декабр ҳамчун Рӯзи байналмиллалии мубориза алайҳи ВНМО/БПНМ (ВИЧ/СПИД) дар тамоми ҷаҳон гузаронида мешавад.
Бо ташаббуси саромӯзгори кафедраи Менеҷмент ва маркетинг Сафарова Муборак дар факултети иқтисод ва идора Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар мавзӯи “ Ҷавонон бар зидди ВНМО” семинари илмӣ-назариявӣ баргузор карда шуд. Дар чорабиниӣ омӯзгорон ва донишҷӯёни факултет ишитрок намуданд. Қайд гардид, ки солимии аъзоёни ҷомеа аз ҳар як фарди он вобаста буда, зимни муаррифи мавзӯъ таърихи пайдоиши беморӣ, ошкор намудани ВНМО, роҳҳои гузариш ва пешгирии беморӣ, усулҳои ташхиси беморӣ, омори мубталоёни ВНМО дар ҷаҳон ва дар муқоиса бо бемориҳои дигар инъикос гардид. Инчунин оиди вазъи мубталоёни беморӣ дар Тоҷикистон, стратегия ва барномаҳои давлатӣ оид ба пешгирии паҳншавии ВНМО дар байни аҳолӣ ва расонидани кумаҳои тиббӣ, аз ҷумла дастрасии беморон ба табобати ройгони зиддиреторовирусӣ (АРВ) ва дигар намуди кумаҳои моддӣ маълумот дода шуд.
Дар рафти семинари имлӣ-назариявӣ дар доираи мавзӯъ видеоролик оиди сохтори вирус ва паҳншавии он дар бадани инсон ва таъсири он ба системаи иммунологии одам намоиш дода шуд.
Чорабини бо саволу ҷавобҳо дар доираи мавзӯъ ва шиори “Ҷавонон бар зидди ВНМО” ва “Интихоби ҷавонон ҳаёти солим” анҷом ёфт.