KGU

ВОХӮРИИ БАҲРАБАХШ БО МУОВИНИ РАИСИ ҲХДТ

ВОХӮРИИ БАҲРАБАХШ БО МУОВИНИ РАИСИ ҲХДТ 01.12.2020

ВОХӮРИИ БАҲРАБАХШ БО МУОВИНИ РАИСИ ҲХДТ

Имрӯз дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ вохӯрии муовини раиси Ҳизби Халқии Демокартии Тоҷикистон, Хайринисо Юсуфӣ бо омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳ баргузор гардид.
Хайринисо Юсуфӣ зимни суханронии равону пурмуҳтавои хеш аз корҳои бузурги созандаи
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, нақши ҷавонон, ҳама мардуми сарбаланди тоҷикро дар пешвозгирии шоистаи ҷашни бузурги миллӣ 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон тазаккур доданд. Дар маърӯза мисолҳои ҷолибе аз ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат оварда шуд, ки ҳозирин онҳоро бо кафкӯбиҳо пазируфтанд. Хайринисо Юсуфӣ аз ҷумла дар бораи шароити зисту таҳсили духтарони ятими пойтахт гуфтугӯ намуда, зикр карданд, ки дар он ятимхона 100 нафар ятимдухтарони тарбиятгиранда дар зери назорати бевоситаи Пешвои миллат қарор доранд. Шароити зиндагӣ ва таҳсили онҳо дар сатҳи олӣ ташкил шудааст ва дар баробари ин Сарвари давлат пайваста муроқибат мекунанд, ки аз рафти таҳсил ва дар оянда ба зиндагии мустақилона қадам гузоштани ҳар яки онҳо ба ӯ иттилоъ диҳанд. Яъне ғамхории Пешвои миллат ба он ятимон аз парастории падару модар ҳам авлотар аст.
Пас аз саволу ҷавобҳои иштирокдорони ҳамоиш, ректори Донишгоҳ профессор Мирализода А. М. баромад карда, ба Хайринисо Юсуфӣ , муовини раиси Ҳизби Халқии Демокартии Тоҷикистон ва Мирализода Қиёмиддин – раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон барои суханрониҳои пурмуҳтавояшон сипосгузорӣ намуд.

    


Back to the list