Имрӯз бо ташаббуси муассисаи нашриявии “Адиб” ва масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар саҳни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ намоиш ва фуруши китобҳои гуногун ба китобдӯстдорон ва хоҳишмандон пешкаш карда шуд. Ин иқдоми наҷиб диққати кулли шаҳрвандонро ҷалб намуда, аз тамоми гӯшаву канори шаҳр, муассисаҳои гуногун барои хариди китобҳо омаданд. Дар ин чорабинӣ адибону ҳунармандон суханронӣ намуданд. Ин иқдом то охири рӯз идома хоҳад кард.