KGU

ОҒОЗИ ИМТИҲОНОТИ СОЛИ ТАҲСИЛИ 2020 - 2021 ДАР ДДК БА НОМИ А. РӮДАКӢ

ОҒОЗИ ИМТИҲОНОТИ СОЛИ ТАҲСИЛИ 2020 - 2021 ДАР ДДК БА НОМИ А. РӮДАКӢ 16.12.2020

ОҒОЗИ ИМТИҲОНОТИ СОЛИ ТАҲСИЛИ 2020 - 2021 ДАР ДДК БА НОМИ А. РӮДАКӢ

Омодагириҳо ба имтиҳоноти зимистона дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳанӯз як моҳ пеш огоз гардида буд. Пеш аз ҳама як имтиҳонгоҳи вижае бо номи «Толори имтиҳонӣ» бунёд гардид, ки он моҳиятан маркази маълумотӣ дар мавриди усул ва муқаррароти имтиҳонсупориро мемонад. Ин толор бо 50 адад компютерҳои нав ва мизу курсиҳову таҷҳизотҳои ҳозиразамон таъмин гардидааст. Ҳамаи утоқҳои имтиҳонӣ (марказҳои тестӣ) дар сатҳи баланд омода шудаанд. Аз ҷумла тайи даҳрӯзаи охир Маркази Технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионии (ТИК) Донишгоҳ ҳар як дастгоҳи компютериро аз санҷиш гузаронид ва он таҷҳизоте, ки корношоям буд, ба зудӣ иваз карда шуданд. Утоқҳои имтиҳонӣ бо мизу курсиҳо ва дигар шароитҳои лозима таъмин гардиданд. Ректори ДДК шахсан аз ҷараёни омодагириҳо ба имтиҳонотро зери назари шахсӣ қарор додааст ва муовини ректор оид ба таълим дар зарфи тараддудҳо рафти ислоҳоти камбудиҳоро пайваста зери назорат гирифта буд. Донишҷӯёни соли аввали таҳсил, ки ба усулҳои имтиҳонӣ ошно набуданд, аз тарафи коршиносони Маркази тестӣ ва омӯзгорони масъул машваратҳои зарурӣ мегирифтанд. Донишҷӯёни тарзи фосилавии таҳсилот ба Донишгоҳ даъват шудаанд, ки бо онҳо дар мавриди тарзи имтиҳонсупорӣ машварат гузаронида шуд. Имрӯз 16 декабри соли 2020 имтиҳонҳои нахустини нимсолаи аввали соли таҳсили 2020 – 2021 оғоз ёфт. Ҷараёни имтиҳоноти нахустин намоён сохт, ки омодагириҳо ва тараддуди роҳбарияти Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ боиси ба даст овардани низоми муайян дар ин маъракаи таълимӣ гардид.


Back to the list