KGU

ВОХУРИИ ВАКИЛОНИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ВОХУРИИ ВАКИЛОНИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 04.01.2021

ВОХУРИИ ВАКИЛОНИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Имрӯз дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ вохурии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо донишмандон, омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯён баргузор гардид. Дар вохури вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифҷон Ҳақимзода, Хайрулло Амонулло, муовини раиси Ҳукумати шаҳри Кӯлоб Орзу Ҳамидиён ва муовини аввали ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Айниддин Холиқзода иштирок доштанд. Орзу Ҳамидиён суҳбатро оғоз намуда, Шарифҷон Ҳақимзода зимни суханронӣ аз масълаҳои ташвишовари рузмара, оиди истифодаи самараноки қувваи барқ ва заминҳои наздиҳавлиги ибрози ақида намуд. Инчунин вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Амонулло, доир ба рушди соҳаи маориф, дастовардҳои солҳои охир дар шаҳри Кӯлоб суханронӣ кард. Хусусан омӯзгори кафедраи менеҷмент ва маркетинг Хуршед Қурбоновро барои ишғоли ҷойи якум дар озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз рӯи номинатсияи «Хондан ва азёд кардани осори адабиёти ҷаҳон» муборакбоди намуда, барояшон сарфарозӣ, хушбахтӣ ва муваффақияти боз ҳам баландро таманно намуд. 

         

Суҳбати вакилон миёни ҳозирин вобаста ба мушкилоти ҷойдоштаи маҳал табодули афкор сурат гирифт. Дар охир меҳмононро муовини аввали ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Айниддин Холиқзода бо суханони самимона хайрамақдам гуфта, барои вохуриҳои оянда даъват кард.

Маркази матбуотӣ


Back to the list