KGU

НИШАСТИ ИЛМӢ – АДАБӢ ДАР ПИРОМУНИ ОФАРИДАҲОИ УСТОД АШӮР САФАР

НИШАСТИ ИЛМӢ – АДАБӢ ДАР ПИРОМУНИ ОФАРИДАҲОИ УСТОД АШӮР САФАР 12.01.2021

НИШАСТИ ИЛМӢ – АДАБӢ ДАР ПИРОМУНИ ОФАРИДАҲОИ УСТОД АШӮР САФАР

Имрӯз дар толори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ нишасти навбатии илмӣ – адабӣ баргузор гардид, ки он ба бузургдошти шоири халқии Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи давлатии Рӯдакӣ Ашӯр Сафар бахшида шуда буд.
Бояд ёдовар шуд, ки нишасти донишмандон, омӯзгорон ва хатмкунандагони факултаи филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳ хеле шавқовар ва дар сатҳи баланди илмӣ доир гардид.
Муовини аввали ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, номзади илмҳои филологӣ Холиқзода Айниддин ҳамоишро кушода дар мавриди зиндагӣ ва фаъолияти эҷодии шоир суханронии фишурда намуд.
Аз рӯи барномаи нишаст мушовири ректори Донишгоҳ ховаршинос Зафар Мирзоён, зери унвони «Ашӯр Сафар яке аз шоирони барҷастаи ҳавзаи адабии Кӯлоб», суханронӣ намуда, дар атрофи вижагиҳои шеъри устод Ашӯр Сафар, дарёфтҳои худро баён намуд. Номбурда зимнан гуфтанд, ки Ашӯр Сафар яке аз нахустин адибоне мебошанд, ки дар Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олӣ ба сарварии кишвар интихоб гаштани Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмонро, ҳамчун пайки сулҳи тоҷикон, бо сатрҳои самимӣ бозгӯ намуданд, ки услуби баёни зиндаёд вижа ва нотакрор мебошад:
Ҷомаи сулҳ ба тан омадаӣ,
Ба даҳан қанди сухан омадаӣ.
Ба замин не, ба ҳаво не, ба куҷо.
Сар – сари дидаи мо омадаӣ.
Ҳамчунин дотсенти кафедраи журналистикаи Донишгоҳ Худойдодова Ш. З. дар мавзӯи Пажӯҳишҳои илмии ашъори Ашӯр Сафар маърӯзаи илмӣ намуда, пажӯҳандагони бешумори эҷодиёти устодро номбар карданд.
Сипас чанде аз иштирокдорон оид ба шеърҳои нобу пуртаровати шоири номдори тоҷик суханронӣ намуданд. Аз ҷумла шоири тавонои тоҷик Лутфи Хомӯш, шеъри бахшидаи худро ба хотираи устод Ашӯр Сафар, хонданд. Ҳамчунин муаллима, номзади илмҳои филологӣ Зайнаб Холиқова низ аз шоир ёд карданд.
Дар поён Файз Ашӯр, шоири овозаманд – фарзанди устод Ашӯр Сафар, ёде аз саргузашти ҷолиби падар намуда, аз баргузоркунандагони нишаст изҳори сипос намуд.


Маркази матбуотӣ



Back to the list