KGU

ДОНИШҶӮИ ДОНИШГОҲ ҶОИЗА БАРОИ "ШУҶОАТ ВА ҶАВОНМАРДӢ"-РО СОҲИБ ГАШТ!!!

ДОНИШҶӮИ ДОНИШГОҲ ҶОИЗА БАРОИ "ШУҶОАТ ВА ҶАВОНМАРДӢ"-РО СОҲИБ ГАШТ!!! 11.01.2021

ДОНИШҶӮИ ДОНИШГОҲ ҶОИЗА БАРОИ "ШУҶОАТ ВА ҶАВОНМАРДӢ"-РО СОҲИБ ГАШТ!!!

Санаи 9 январи соли 2021 дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупории соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар соли 2020 баргузор гардид, ки дар он Латифов Манучеҳр донишҷӯи курси чоруми факултети физика ва математикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ сазовори "ҶОИЗА БАРОИ ШУҶОАТ ВА ҶАВОНМАРДӢ" гардид. Ҳайати кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳ Латифов Манучеҳрро барои сазовор гардидан ба ин ҷоиза муборак бод мегӯянд.

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади қадршиносии хизматҳои шоиста ва ҷавонмардии ҷавонон дар назди ҷомеа ва давлат, ҷасорату фидокорӣ дар вазъияти ҷангӣ, ҳолатҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллату давлат ва адои қарзи ҳарбӣ, хизматию шаҳрвандӣ барои дастгирӣ, ҳавасмандгардонӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон давоми 2 сол аст омзунро барои дарёфти “Ҷоиза барои шуҷоат ва ҷавонмардӣ” эълон ва дар доираи Комиссияи босалоҳият ҷамъбаст менамояд.

Муҳим будани ҷоиза дар он ифода меёбад, 2 соли охире, ки озмун доир мегардад, қисми зиёди барандагони ҷоиза бо корнамоиву ҷасоратмандии хеш дар роҳи ҳифзу ҳимояи Ватан ҷони худро бахшидаанд ва имрӯз бо мову шумо нестанд. Руҳу равонашон шод бод!

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 Комиссияи босалоҳиятро барои муайян намудани ғолибони ҷоизаи “Шуҷоат ва ҷавонмардӣ” таъсис дода, Комиссияи мазкур 20 нафар шахсоне, ки барои Ватан, миллат ва ҷомеа ҷони худро дареғ надошта бо ҷавонмардӣ ва шуҷоат хизмат намуда буданд, муайян карданд ва дар ин рӯз ҷоизаи мазкур ба онҳо ва наздикони онҳое, ки ҳангоми адои хизмат ҳалок гардида буданд супорида шуд.

   

Манбаъ: Бахши иттилоотӣ ва таҳлилии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


Back to the list