Санаи 20.01.2021 маҷлиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Олимон” баргузор гардид. Бо сухани ифтитоҳи котиби ташкилот Ҳасан Шоинов ҷаласаро оғоз намуд. Дар маърузаи худ, Холиқзода Айниддин, муовини аввали ректори Донишгоҳ, оид ба фаъолият ва дастовардҳои аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Олимон” пурра маълумот доданд. Раиси кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб Шарифзода Гулрухсор дар маҷлис иштирок доштанд, ақидаҳои худро дар давраи аз моҳи январи соли 2020 то моҳи январ соли 2021 гуфтанд. Аз тарафи иштирокчиёни ҷиҳати фаъолияти ташкилот дар соли гузашта мулоҳиза ва пешниҳои гуногун арзёбӣ гардиданд. Дар охири ҷаласа ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Олимон” қаноатбахш қабул карда шуд.
Маркази матбуотӣ