KGU

ТАМОШОИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ТАМОШОИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ 26.01.2021

ТАМОШОИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Имрӯз ҳанӯз соат 10 нашуда буд, ки дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, ҷои нишаст намонда буд.
Чунин ҳолат дар толорҳои маҷлисии факултетҳои филологияи рус, таърих ва ҳуқуқ низ ҳукмфармо буд. Ҳама мехостанд Паёми Пешвои миллатро аз тариқи пахши мустақими телевизионӣ бишнаванд.
Дар саҳна саҳифаи монитор чунон моҳирона насб гардида буд, ки ҳангоми суханронии Пешвои миллат кас худро дар толори Қасри миллат эҳсос мекард. Ҳамин буд, ки ҳар гоҳ Пешвои миллат суханоне дар пиромуни дастовардҳои бузурги сол, ё имтиёзҳои таъин карда ба ятимону бепарарасторон ва ё аз андози замин озод кардани кишоварзон ёдовар мешуд, нишастагони толори Қасри миллат аз ҷой бармехостанд, нишастагони толори Донишгоҳ низ беихтиёр аз ҷой бархоста, кафкӯбӣ мекарданд.
Паёми Пешвои миллат ниҳоят пурмуҳтаво, дастури ояндасозии миллату давлатмебошад ва мардуми кишвар онро бо як огоҳии амиқ дарёфта, дар пайи амалӣ гардонидани нуктаҳои он мегарданд.
Шиори асосии Паём бо комёбиҳои бузург пешвоз гирифтани ҷашни бузурги 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мебошад.

На изображении может находиться: 1 человек, в помещении      На изображении может находиться: люди сидят


Back to the list