KGU

ТАШРИФИ РАИСИ ВИЛОЯТ БА ДОНИШГОҲ

ТАШРИФИ РАИСИ ВИЛОЯТ БА ДОНИШГОҲ 13.02.2021

ТАШРИФИ РАИСИ ВИЛОЯТ БА ДОНИШГОҲ

Рӯзи 12 феврали соли 2021 раиси вилояти Хатлон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон дар доираи сафари кории худ ба гурӯҳи ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб, ба шаҳри Кӯлоб ташриф оварда, бо рафти корҳои истеҳсолӣ, бунёдкорӣ ва омодагиҳо ба ҷашни муқаддаси 30 солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ошно шуданд.
Аз ҷумла раиси вилоят дар сафари кории худ ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ташриф оварданд.
Раиси вилоят Ҳакимзода Қурбон, раиси шаҳри Кӯлоб Вализода Абдуқодир Исуф ва ҳамроҳонашонро ректори Донишгоҳ профессор Мирализода Абдусалом Мустафо ва ҳайати профессорон, омӯзгорон ва донишҷӯён пешвоз гирифтанд.
Мебояд гуфт, ки барои татбиқи дастурҳои Пешвои миллат, ки дар Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар омадааст, роҳбарон ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат тадбирҳои судбахш меандешанд. Аз ҷумла дирӯз дар Донишгоҳи Давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ маркази илмию омӯзишии “Ҳамадоншиносӣ” бо иштироки раиси вилоят, раиси шаҳри Кӯлоб ва ҳамроҳонашон ботантана кушода шуд.
Дар маркази номбурда ва китобхонаи ба он вобаста маводи чопӣ ва аудиовидеоӣ гирд оварда шуда, хоҳишмандони эҷодиёти ин мутафаккири барҷастаи Шарқ метавонанд барои омӯзишу пажӯҳишҳои илмии худ аз он истифода баранд.
Ҳамчунин раиси вилоят дар вохӯрии алоҳида бо ҳайати профессорону омӯзгорон суханронӣ намуда, дар зимн ба саволҳои онҳо посух доданд.
Ректори Донишгоҳ профессор Мирализода Абдусалом Мустафо бо нишони эҳтиром аз дастгириҳои доимӣ, аз номи омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ ба раиси вилояти Хатлон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон сипоснома тақдим намуд.

Возможно, это изображение (3 человека, люди стоят, люди сидят и в помещении)     Возможно, это изображение (3 человека, люди стоят и люди сидят)

Возможно, это изображение (3 человека и люди стоят)     Возможно, это изображение (6 человек, люди стоят и в помещении)

Возможно, это изображение (3 человека, люди стоят и на открытом воздухе)

Маркази матбуотӣ


Back to the list