Имрӯз гурӯҳи кории Мақомоти Иҷроияи Ҳокимияти Давлатии шаҳри Кӯлоб оид ба тарғиби Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо донишҷӯён ва омӯзгорони Донишгоҳ суҳбат гузарониданд.
Дар суҳбат муовини раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Ҳамидиён Орзу, ректори Донишгоҳ профессор муҳтарам Мирализода Абдусалом Мустафо ва аъзоёни гурӯҳи корӣ: шоири халқии Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдулоҳи Рӯдакӣ Ҳақназар Ғоиб, дотсент Шарофат Худойдодова иштирок доштанд.
Ҳамоишро ректори Донишгоҳ муҳтарам Мирализода Абдусалом Мустафо кушода меҳмононро ба аҳли нишаст шинос намуданд.
Суҳбатро сухангӯён асосан ба нақши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар сазовор пешвоз гирифтани ҷашни муқаддаси 30-солагии Истиқлолияти Давлатии Тоҷикистон бахшиданд.
Маркази матбуотӣ