Санаи 19.02.2021 раиси Муассисаи давлатии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илмҳои таърих, профессор Розиқзода Абдулҳаким Шералӣ ва Котиби илмии ин муассиса, номзади илмҳои кишоварзӣ Бозоров Шарифҷон Эмомалиевич ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ташриф оварданд.
Ҳамоишро ректори Донишгоҳ профессор Мирализода Абдусалом Мустафо кушода меҳмононро ба аҳли нишаст шинос намуданд.
Сипас, доктори илмҳои таърих, профессор муҳтарам Розиқзода Абдулҳаким Шералӣ суханронӣ намуда, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ташреҳ доданд.
Дар зимн пиромуни вижагиҳои ҳимояи рисолаҳои илмии пажуҳишгарон изҳори ақида намуданд.
Раиси Муассисаи давлатии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон профессор Розиқзода Абдулҳаким Шералӣ дар мавриди баъзе ҳодисаҳои рӯбардор кардани корҳои илмии дигарон (ки онро дуздӣ, плагиат) меноманд ва дар миёни баъзе пажӯҳандагони мамлакат мушоҳида мешавад, изҳори нигаронӣ намуданд.
Сипас нишастагони толор, ки аксаран донишпажӯҳон буданд, саволҳои зиёдеро ба миён гузоштанд ва дар навбати худ посухҳои мушахас ҳосил карданд.
Маркази матбуотӣ