KGU

МУШКИЛОТИ БА ҶОИ КОР ҲОЗИРШАВИИ ХАТМКАРДАГОН

МУШКИЛОТИ БА ҶОИ КОР ҲОЗИРШАВИИ ХАТМКАРДАГОН 24.02.2021

МУШКИЛОТИ БА ҶОИ КОР ҲОЗИРШАВИИ ХАТМКАРДАГОН

Санаи 24.02.2021 дар доираи нақшаи кории Маркази рушди касбият ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ мизи мудаввар дар мазӯи “Мушкилоти ба ҷои кор ҳозиршавии хатмкардагон”, баргузор гардид.
Барномаи мизи мудаввар мавзӯъҳои зеринро дар бар гирифта буд:
1. Мушкилоти ба ҷои кор ҳозир нагардидани хатмкардагон; дирӯз, имрӯз ва фардо Қурбонова У.Т., сардори маркази рушди касбият ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ;
2. Масъалаи ба кор таъмин нагардидани хатмкардагон аз назари ҳуқуқӣ. Назаров Б., ҳуқуқшиноси Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ;
3. Фаъолияти Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар минтақаи Кӯлоб ва мушкилот дар ин самт. Дустмуродов Қ.Н., сармутахассиси Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар минтақаи Кӯлоб;
4. Чораандешӣ нисбат ба масъалаи сари вақт ба кор таъмин нагардидани хатмкардагони МТОК-и минтақа. Тошматов Д.А., сардори бахши кор бо хатмкунандагони Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб;
5. Сабабҳои асосии ба ҷои кор таъмин нагардидани хатмкардагон. Нуров М., сардори шуъбаи кадрҳои Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ.
Суҳбатро муовини ректор дотсент, Холиқзода Айниддин оғоз намуда, ба ҳозирин дар мавриди мавзӯи номбурда ибрози андеша намуданд.
Сухангӯён дар пиромуни паҳлӯҳо ва сабабҳои ба кор таъмин нагаштани хатмкардагони донишгоҳ андешаронӣ намуда, ба як силсила норасоиву камбудиҳо ишора намуданд, ки коршиносони соҳаи ҳуқуқ ва шуғли аҳолӣ, умури кадрҳо ба пурсишҳои нишастагон посухҳои мушаххас доданд.

Возможно, это изображение (6 человек, люди стоят и люди сидят)     Возможно, это изображение (9 человек, люди стоят, люди сидят и в помещении)

Возможно, это изображение (4 человека, люди стоят и в помещении)     Возможно, это изображение (2 человека, люди сидят и люди стоят)

Возможно, это изображение (4 человека, люди сидят и люди стоят)

Маркази матбуотӣ


Back to the list