Санаи 02.03.2021 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷамъомади роҳбарон ва намояндагони Федератсияи Иттифоқҳои Касабаи мустақили Тоҷикистон бо ҳайати профессорон, омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ баргузор гардид. Дар ҳайати меҳмонон Раиси Федератсияи Иттифоқи Касабаи мустақили Тоҷикистон Неъматзода Маликшо Маҳмадшо, муовини раиси федератсияи Иттифоқҳои Касаба Файзизода Исмоил Нарзӣ, раиси Шӯрои Иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон Ризозода Абдурозиқ Шариф, раиси Кумитаи Иттифоқҳои Касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Одиназода Рамазон Сафар ва муовини раиси шаҳри Кӯлоб Ҳамидиён Орзӯ шомил буданд.
Ректори Донишгоҳ профессор Мирализода Абдусалом Мустафо бо суханони ифтитоҳӣ нишастро оғоз намуда, ташрифи меҳмононро ба Донишгоҳ хайрамақдам гуфтанд.
Сипас раиси Федератсияи Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон Неъматзода Маликшо Маҳмадшо дар мавриди Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, аз нукоти раҳнамунсози он намунаҳо оварданд.
Дар поёни вохӯрӣ муҳтарам Неъматзода Маликшо Маҳмадшо ба собиқадорони соҳаи иттифоқҳои касаба ифтихорномаҳо супорида, ба 111 нафар донишҷӯёни ятим ва маъюб ёрии молиявӣ расонданд.
Маркази матбуотӣ