KGU

ҲАКИМ ФИРДАВСӢ ДАР СИТОИШИ ЗАНИ ХУД

ҲАКИМ ФИРДАВСӢ ДАР СИТОИШИ ЗАНИ ХУД 03.03.2021

ҲАКИМ ФИРДАВСӢ ДАР СИТОИШИ ЗАНИ ХУД

Даҳсолаҳои ахир адабиётшиносоне (хушбахтона на дар кишвари мо) пайдо шудаанд, ки бо коргирӣ аз байтҳои барсохтаву дар рӯнависҳои «Шоҳнома» часпонда, аз занситезиҳои Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ ёвасароиҳо мекунанд. Ба ақидаи онҳо Ҳаким Фирдавсӣ на танҳо Судобаи дилбохта ба фарзанди шавҳари худро сарзаниш кардааст, балки аз забони персонажҳо дар ҷой - ҷойи ин шоҳкори беҳамто, занонро бо суханони дурушт ситезидааст.
Бубинед, бадбинони Фирдавсӣ дар ин ҳазор сол коста нашудаанд, балки шуморааш афзудааст ва онҳо медонанд, ки ба истилоҳ барои туруш кардани шир кадом маводеро мебояд бар он даромехт. Онҳо медонанд, ки тоҷиктаборон ҳамеша занро ҳамчун олиҳа мепарастиданд ва нахустин мардумоне мебошанд, ки занро бо номи Аноҳид эзади борон, фариштаи обҳои пок ва сарсабзӣ донистаанд. Дар «Шоҳнома» бонувоне ҳамчун Таҳмина, Гурдофарид, Рудоба, Фаронак, Сипандухт, Манижа, Фарангис, Гурдия, яъне хоҳарон, ҳамсарон, духтарон ва аз ҳама беш модарони гурдҳои меҳанпараст бо нағзтарин суханони дарӣ сутуда шудаанд. Бад он сон ки Таҳминаро бо чунин суханони зебо сутудааст:

Равонаш хирад буду тан ҷони пок,
Ту гуфтӣ, ки баҳра надорад зи хок.
Ва дар ҷойи дигар гуфтааст:
Зи покиву аз порсойии зан,
Ки ҳам ғамгусор асту ҳам ройзан

Ҳаким Фирдавсӣ, ки парчамбардори фарҳангу одоби ориёӣ буд, ҳаргиз ба худ иҷоза дода наметавонист камтарин ҳиҷои бадро ба зан раво бинад. Офаридгори фарҳангу сухани дарӣ бонуи зебову фарҳехтае дар кошонаи хеш дошт, ки ҳамеша ҳамдушу ҳамандешааш буд ва дар сароиши шоҳкори беҳамтои ӯ ҳамкорӣ мекард. Илҳомбахши он нобиға, шамъ меафрӯхт, ҷоми май меовард ва достонҳоеро аз паҳлавӣ мехонд. Ҳамон гуна ки дар шаби чун қир сиёҳи оғози сароиши достони «Бежан ва Манижа», ки дар осмон на сайёраи Баҳром, на Кайвон ва на Тир ба чашм мехӯрд, на овои паррандае ва на ғурроси ҳайвони ваҳшие шунида мешуд ва дили сухансарои бузург ончунон танг шуда буд, ки якбора аз ҷой ҷаста ба сӯйи меҳрубони дар хона будааш хурӯшида чароғ мехоҳад. Бонуи меҳрубонаш шамъи фурӯзон ба боғ оварда, рӯйи дастархон май, анору турунҷу биҳӣ мечинад. Ба ҷоми шоҳаншаҳӣ май рехта мегӯяд: «Дар ин шаби тор чӣ лозим омадат, шамъ? Магар дар ин шаби тира хобат намебарад? Ту бинӯш май ва ман достонеро аз бостон бароят бозгӯ мекунам, ки пур аз фарҳангу меҳр ва найрангу ҷанг аст». Ба - дон сарвгун гуфтам: «Эй, моҳрӯй! Имшаб ба ман он достонро бозгӯй». Гуфт: «Чун аз ман онро мешунавӣ, онро аз забони паҳлавӣ ба шеър баргардон».
Ва инак он сароиш аз «Шоҳнома» - и ҷовидонии Ҳаким Фирдавсӣ:

Шабе чун шабаҳ рӯй шуста ба қир,
На Баҳром пайдо, на Кайвон, наТир.
На овои мурғу на ҳуррои дад,
Замона забон баста аз нек бад.
Набуд ҳеҷ пайдо нишеб аз фароз,
Дилам танг шуд з - он диранги дароз.
Бад - он тангӣ андар биҷастам зи ҷой.
Яке меҳрубон будам андар сарой,
Хурӯшидаму хостам з – ӯ чароғ.
Биёвард шамъу биёмад ба боғ,
Май оварду нору турунҷубиҳӣ.
Зудуда яке ҷоми шоҳаншаҳӣ,
Маро гуфт «шамъат чӣ бояд ҳаме?»
Шаби тира хобат наёяд ҳаме?
Бипаймой май, то яке достон,
Зи дафтар - т бархонам аз бостон.
Пур аз чораву меҳру найрангу ҷанг,
Ҳама аз дари марди фарҳангу санг.
Бад - он сарвбун гуфтам: «Эй, моҳрӯй!,
Маро имшаб ин достон бозгӯй.»
Маро гуфт: «Гар чун зи ман бишнавӣ,
Ба шеър орӣ аз дафтари паҳлавӣ».
Ҳамат гӯяму ҳам пазирам сипос,
Кунун бишнав эй, ёри некишинос.

Ҳамин лаҳзаҳои фишурдаи меҳрубониҳои бонуи Ҳаким Фирдавсӣ, ки дар боло оварда шуданд, адабиётшиносони фиребандаро водор месозанд, ки ба гуфтаи Суҳроби Сипеҳрӣ «Чашмҳоро бояд шуст, Таври дигар бояд дид!»
Ва беҳтарин маниши тоҷикон аз бостон то остон меҳрварзӣ ба зан, ба модар, хоҳар ба офарандаи меҳру хуррамиву зебоӣ буду хоҳад буд.
Ва ҳама бонувони кишварро ба рӯзи занон шодбош гуфта, пеш аз ҳама орзу мекунам, ки худованд ба шумо ҳунари дӯст доштан ва меваи ширини дӯстдори марди меҳрубон буданро арзонӣ бидорад ва чун модар шудед, аз хушбахтии фарзандон чун гули баҳорӣ шукуфо бошед!


Зафар МИРЗОЁН.
Мушовири ректори Донишгоҳи
давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ


Back to the list