KGU

ДАР КӮЛОБ АЗ РӮЗИ МОДАР ИСТИҚБОЛ ГИРИФТА ШУД

ДАР КӮЛОБ АЗ РӮЗИ МОДАР ИСТИҚБОЛ ГИРИФТА ШУД 03.03.2021

ДАР КӮЛОБ АЗ РӮЗИ МОДАР ИСТИҚБОЛ ГИРИФТА ШУД

Санаи  4-уми марти соли 2021 дар толори қасри фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи модар чорабинии фарҳангву тантанавӣ бо иштироки раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Вализода Абдуқодир Исуф, муовинони раис, роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, занони собиқадори меҳнат  ва дигар занону модарон доир карда шуд.

Сараввал, раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Вализода Абдуқодир Исуф ба муносибати фарорасии Рӯзи модар занонро табрику таҳният гуфта, аз фаъолияти пурсамару натиҷабахши занон изҳори миннатдорӣ намуд. Дар ин росто, қайд намуд, ки «Имрӯз, Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар симои зан нерӯи созандаи ҷамъияти имрӯзаро дида, саҳми занонро дар рушди кишвар муҳим арзёбӣ менамояд. Зеро зани тоҷик дар ҳамаи ҷабҳаҳои ҳаёти кишвар фаъолона ширкат варзида, дар пешрафти он нақши муҳимро  мегузорад. Воқеан, Зан-Модар сазовори ҳамагуна эҳтиром ва қадршиносӣ мебошад.

Ба хотири, қадршиносӣ як қатор фаъолзанон бо ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр сарфароз гардонида шуданд.

Дар охир, ҳунармандони бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва ансамбли рақсии театри мазҳака-мусиқии  ба номи Сайдалӣ Вализода  бо суруду рақсҳои дилошӯби худ таъби иштирокдоронро болида намуданд.


Манбаъ: МИҲД ш.Кӯлоб


Back to the list