KGU

«РОҲҲОИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САВОДНОКИИ ИТТИЛООТӢ-КОММУНИКАТИВӢ ДАР ПЕШРАФТИ ТАЪЛИМ»

«РОҲҲОИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САВОДНОКИИ ИТТИЛООТӢ-КОММУНИКАТИВӢ ДАР ПЕШРАФТИ ТАЪЛИМ» 05.03.2021

«РОҲҲОИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САВОДНОКИИ ИТТИЛООТӢ-КОММУНИКАТИВӢ ДАР ПЕШРАФТИ ТАЪЛИМ»

Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ семинар – машварат зери унвони «Роҳҳои баланд бардоштани саводнокии иттилоотӣ-коммуникативӣ дар пешрафти таълим» баргузор гардид.
Дар семинар директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия»- и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷиикстон, ҷаноби Киромуддин Назаров ҳузур доштанд.
Семинарро бо сухани ифтитоҳӣ ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ доктори илмҳои педагогӣ, профессор Мирализода Абдусалом Мустафо оғоз намуда меҳмононро ба Донишгоҳ хайрамақдам гуфтанд.
Сипас директори Муассисаи Давлатии «Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия» Киромуддин Назаров аз аҳамияти технологияи иттилоотӣ дар замони муосир ва истифодаи дурусти интернет суханронӣ намуд.
Семинар хеле ҷолиб гузашта, мавзӯи мавриди муҳокима қарор гирифта таваҷҷуҳи шунавандагонро ба худ ҷалб намуд.
Дар поёни семинар ба маърӯзачиён ва кормандони ТИК - и Донишгоҳ, барои иштироки фаъолона сипосномаҳо тақдим гардид.

Возможно, это изображение (9 человек, люди стоят и в помещении)     Возможно, это изображение (8 человек, люди стоят, люди сидят и в помещении)

Маркази матбуотӣ


Back to the list