KGU

ТАҶЛИЛИ "РӮЗИ МОДАР" ДАР ДОНИШГОҲ

ТАҶЛИЛИ "РӮЗИ МОДАР" ДАР ДОНИШГОҲ 05.03.2021

ТАҶЛИЛИ "РӮЗИ МОДАР" ДАР ДОНИШГОҲ

Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ “Рӯзи модарон” – ро бо як шукӯҳи хосса ҷашн гирифт.
Дар толори фарҳангии Донишгоҳ ҳама бонувони омӯзгор, кормандон ва меҳмонон гирд омада, як фазои хушнудиву идона барпо карданд.
Ректори Донишгоҳ доктори илмҳои педагогӣ, профессор Мирализода Абдусалом Мустафо нишастро оғоз намуда ҳозиронро бо Рӯзи модарон шодбош гуфт. Барандаи нишаст фармони ректори Донишгоҳро дар мавриди ҷудо намудани маблағҳо ба бонувони дар корҳои илмӣ ва омӯзгорӣ комёб, хонд. Ректори Донишгоҳ ба меҳмонони олиқадр шоири шинохтаи тоҷик Хосият Вализода, ҳунарманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулчеҳра Содиқова ва дигарон гулдаста ва туҳфаҳои идона тақдим намуд.
Сипас ҳаваскорони Қасри фарҳанги Донишгоҳ барномаи консертии ҷолибе намоиш доданд. Дар ин консерт Гулчеҳра Содиқова таронаи зебоеро дар васфи модар хонд, ки хеле таъсирбахш буд. Хосият Вализода низ баромад карда, офаридаҳои тозаи худро ба тамошогарон шиносонд.

Возможно, это изображение (2 человека, люди стоят и в помещении)     Возможно, это изображение (23 человека, люди стоят и люди сидят)

Возможно, это изображение (3 человека, люди стоят и в помещении)     Возможно, это изображение (2 человека, люди стоят и в помещении)

Маркази матбуотӣ


Back to the list