Дирӯз дар толори маҷлисии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ конференсияи навбатии Ҷамъияти илмии донишҷӯён дар мавзӯи “Технология ва ҷавонон” доир гардид.
Рӯзномаи конференсия иборат аз чунин мавзӯъҳо буд:
1. Афзалиятҳои технологияи иттилоотӣ – Сафарова Бибичамо, донишҷӯи курси 2-юми факултети физика ва математика;
2. Маърифати истифодаи интернет – Исмоилов Давлатшо, донишҷӯи курси 3-юми факултети физика ва математика;
3. Кибертерроризм – Исмоили Исуф, магистранти курси 1-уми факултети физика ва математика.
Маърӯзачиён аз рӯи мавзӯҳои интихоб намудаи худ баромад намуда ба шунавандагон оид ба масъалаҳои пешниҳодгардида суҳбат оростанд.
Пажӯҳишгарони ҷавон ба як силсила саволҳои нишастагони ҷамъият посухҳои қонеъкунанда доданд.
Дар конференсия мушовири ректори Донишгоҳ Зафар Мирзоён ҳузур дошта, баромад кард.
Маркази матбуотӣ