KGU

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МАТБУОТ ТАҲТИ ШИОРИ "ГУФТУГӮИ ДУ НАСЛ"

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МАТБУОТ ТАҲТИ ШИОРИ "ГУФТУГӮИ ДУ НАСЛ" 09.03.2021

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МАТБУОТ ТАҲТИ ШИОРИ "ГУФТУГӮИ ДУ НАСЛ"

Бахшида ба рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамоиши адабӣ таҳти унвони “Гуфтугӯи ду насл”, ба пешвози 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон доир гардид.
Ректори Донишгоҳ профессор муҳтарам Мирализода Абдусалом Мустафо ҷамъомадро оғоз намуда ҳамаи рӯзноманигорон, намояндагони расонаҳои хабарии ҷумҳуриро бо рӯзи матбуот табрик намуд.
Ҷаҳонгиршоҳ Рустамшоҳ, номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи журналистика, сармуҳаррири рӯзномаи “Анвори дониш”, дар мавзӯи “Саҳми рӯзноманигорон дар рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ”, маърӯза намуд.
Донишҷӯёни факултаи филологияи тоҷик ва журналистика, ки ба риштаи журналистӣ шуғл меварзанд, ба собиқадорон ва рӯзноманигорони ҳирфаӣ дар мавриди нозукиҳои касби рӯзноманигорӣ саволҳо матраҳ намуда, посухҳои қаноатбахш гирифтанд.
Дар хотима як гурӯҳ рӯзноманигорони ҳамкори Донишгоҳ ва омӯзгорони комёб бо ифтихорномаҳои Кумитаи радио ва телевизиони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ифтихорномаҳои Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рудакӣ ва мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд.
Декани факултети филологияи тоҷик ва журналистика Эраҷ Давлатов ва Ҷаҳонгиршоҳ Рустамшоҳ, сармуҳаррири рӯзномаи “Анвори дониш”, бо нишони Аълочии матбуоти Тоҷикистон мукофотонида шуданд.

Возможно, это изображение (14 человек, люди стоят, люди сидят и в помещении)     Возможно, это изображение (2 человека и люди стоят)

Маркази матбуотӣ


Back to the list