KGU

ВОХӮРӢ БО ВАКИЛИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ВОХӮРӢ БО ВАКИЛИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 16.03.2021

ВОХӮРӢ БО ВАКИЛИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Имрӯз вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шарифҷон Ҳақимзода бо як идда донишмандону омӯзгорон ва аҳолии шаҳри Кӯлоб дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ баргузор гардид. Вохӯриро ректори Донишгоҳи Давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, профессор Абдусалом Мирализода оғоз намуданд. Муҳтарам, Шарифҷон Ҳақимзода дар атрофи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» суханронӣ карда, паҳлӯҳои гуногуни ин дастури муҳими давлатиро ба ҳозирин шарҳ доданд. Нутқи Шарифҷон Ҳақимзода, ки хеле ҷолибу пуртаъсир буд, аз тарафи ишштирокдорони вохӯрӣ бо мароқ шунавида шуд. Дар вохӯрии мазкур муовини раиси шаҳри Кӯлоб Орзу Ҳамидиён иштирок доштанд.

Возможно, это изображение (2 человека, люди стоят и в помещении)     Возможно, это изображение (6 человек, люди стоят, люди сидят и в помещении)

Маркази матбуотӣ


Back to the list