KGU

КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КӮЛОБ БА НОМИ АБӮАБДУЛЛОҲИ РӮДАКӢ

КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КӮЛОБ БА НОМИ АБӮАБДУЛЛОҲИ РӮДАКӢ 19.03.2021

КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КӮЛОБ БА НОМИ АБӮАБДУЛЛОҲИ РӮДАКӢ

Дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Навгониҳо дар таҳсилоти олии касбии муосир» бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргузор гардид.
Барономаи конференсия фарогири мавзӯъҳои зерин буд:
Интегратсияи нерӯи зеҳнӣ – омили муҳими рушди илм. – Қурбонов А.Ш., доктори илмҳои фалсафа, сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Нақши Истиқлолият дар рушди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ. – Абдуллоев М.Х., д.и.т., профессори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ;
Информатизация и дистанционное обучение: некоторые аспекты теории и практики. – Шарипов Ф.Ф., д.п.н., профессор Таджикского национального университета;
Инновационные подходы к познавательной активности студентов в условиях вуза. – Шамсудинова Р., к.п.н., доцент Бохтарского государственного университета имени Носира Хусрава.
Конференсияро бо сухани ифтитоҳӣ ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Мирализода Абдусалом Мустафо ҳусни оғоз бахшид.
Конференсия пас аз танаффуси нисфирӯзӣ кори худро дар бахшҳои зерин идома дод:

БАХШИ I - НАВОВАРИҲО ДАР ИДОРАКУНИИ ТАҲСИЛОТ;
БАХШИ II - ТАКМИЛИ РАВАНДИ ТАЪЛИМ ДАР МАКТАБИ ОЛӢ;
БАХШИ III - МУОСИРСОЗИИ ТАЪЛИМИ ФАНҲОИ ТАБИӢ,

РИЁЗӢ ВА ТЕХНИКӢ;

БАХШИ IV - НАҚШИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ИТТИЛООТӢ-КОММУНИКАТСИОНӢ ДАР АЗНАВСОЗИИ ТАҲСИЛОТ;

Дар бахшҳои номбурда донишмандону унвонҷӯён, ки аз муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштанд, дар атрофи беш аз 150 мавзӯъҳои пажӯҳишӣ суханрониҳои таҳлилӣ намуданд.
Маводи конференсияи илмӣ - амалӣ дар ду ҷилд китоби алоҳида ба чоп мерасад.
Гуфтан ба маврид аст, ки кори конференсия ба зодрӯзи 60 - солагии ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Мирализода Абдусалом Мустафо рост омад. Ин буд, ки асосан меҳмонони аз мактабҳои таҳсилоти олии марказ ва вилоятҳои дигари Ҷумҳурӣ ташрифоварда соҳибҷашнро бо зодрӯзашон табрик намуданд.
Дар конференсия муовини аввали вазири илм ва маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Саломиён Муҳаммаддовуд Қаюм ҳузур доштанд, ки дар баромади худ ба иштирокдорон ва ташкилкунандагони ин чорабинии муфиди илмӣ арзи сипос намуданд.
Муовини аввали вазири илм ва маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Саломиён Муҳаммаддовуд Қаюм ба профессор Мирализода Абдусалом Мустафо аз номи вазири илм ва маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои дастовардҳои шоёни таҳсинашон, ифтихорномаи вазоратро супорид.
Ҳамчунин дар кори конференсия муовини раиси шаҳри Кӯлоб Узви Маҷлиси Миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Одилзода Дилбар иштирок ва баромад карданд.

Возможно, это изображение (1 человек и стоит)     Возможно, это изображение (1 человек и стоит)


Back to the list