KGU

ГУЛПАРАСТӢ ШЕВАИ АФЛОКӢ АСТ

ГУЛПАРАСТӢ ШЕВАИ АФЛОКӢ АСТ 26.03.2021

ГУЛПАРАСТӢ ШЕВАИ АФЛОКӢ АСТ

ЗАФАР МИРЗОЁН

Лолазорони пойтахт ва чаманороиҳои шаҳру деҳотро дида, ҳавасам омад, ки пиндори худро дар пиромуни гулпарастии Пешвои муаззами миллат, рӯйи саҳифаи рӯзномаи азизу хонданибоби «Ҷумҳурият» оварам. Ҳамчунон мақолаҳои бешумореро аз расонаҳои хабарии кишварҳои дигар хонда ниҳоят хурсанд шудам, ки гӯшаҳои намоёни худро ба гулкориҳои Сарвари тоҷикон бахшидаанд. Мебояд таъкид кард, ки унвонҳои он нашрияҳо гӯёву расо буданд ва рӯзноманигорони Русия дар даҳсолаҳои ахир ба кишвари дигари пасошӯравие чунин тавсифҳои гармро набахшидаанд. Ва чунинанд унвони он мақолаҳо:
Миллион гулҳо. Дар Душанбе ба парвариши лолаҳо пардохтаанд. (Миллионы цветов. В Душанбе начали сажать тюльпаны, Душанбе ғарқи лола шуд.. (Душанбе утонул в тюльпанах .), Иди лола: боғҳои Душанбе ғарқи гулҳои лола мегарданд..., (Праздник тюльпанов: парки Душанбе утопают в цветах.), Душанбе – шаҳри сохтмонҳои нав, роҳҳои ороста ва лолазорон («Душанбе - город новостроек, добротных дорог и тюльпанов»), Душанбе шаҳри хушбахтиҳо ва шукуфоиҳо. (Душанбе – город счастья и процветания.)
Дар мақолаи «Лолаҳои Тоҷикистон» (Тюльпаны Таджикистана), муаллиф аз ҷумла навиштааст, ки дар гулгаштҳои Тоҷикистон 24 навъи гулҳои лола парвариш ёфтаанд, ки 19 навъе аз онҳо дар номнависии гиёҳҳои камёфти рӯ ба нобудшавӣ ниҳодаи Китоби Сурх ба сабт расидаанд.
Инҷониб чунин мепиндорам, ки гулистону чаманистон сохтани кӯчабоғҳои шаҳру деҳот рамзест бар он ки Пешвои миллат хостаанд тамоми эҳсосоти неки худ, ба вижа меҳру садоқати худро ба ин сарзамин, ба ин одамон бо гулкорӣ ва гулистонсозии кишвар баён созанд. Гӯё он кас аз миллионҳо гулбунҳои камёфти зебо дастагули бузурге оро дода ба мардумоне, ки раҳбарашон мебошад, подош намудааст. Шоири некбаёне сурудааст одамони баҳравар аз тарбияи баландро, аз осмонҳо ҳидоят мерасад то дил ба гулшиносиву гулпарастӣ бидиҳанд:

Гарчи зонуи табиат хокӣ аст,
Гулпарастӣ шеваи афлокӣ аст.
Гулшиносон зойири зебоиянд,
Гулшиносон маъбади доноиянд.

Ҳамон гуна ки сухансарои бузурги Фаронса бону Жорж Санд (1804 - 1876), гуфтааст,ба гулпарастон рисолати шунидани гуфтугӯйи гулҳо дода шудааст. (Духтараке ба гуфтаҳои омӯзгори фани ботаника, ки дар посух ба пурсиши ӯ гуфтааст гулҳо аз сухангӯйӣ баҳраманд нестанд, бовар накарда, ҳар субҳ ба гулзор меравад ва дар танҳоӣ гӯш ба лабони гулҳо мениҳад. Гулҳо бо овози хеле нозуки танҳо ба он духтарак шунаво, бо як одоби баланд аз чӣ будани худ гуфтугӯ мекарданд. Боре чунин суханороии гулҳоро мешунавад: « - Одамон ба гули садбарг бартарӣ бахшида, ӯро шаҳбонуи гулҳо хондаанд, вале лолаи даштӣ бо як меҳрубонӣ аз кам набудани чеҳраву атри худ ҳикоятмекунад ва гулҳои дигар гуфтаҳои вайро мепазиранд)».
Лолазор сохтани кӯчабоғу гулгаштҳои пойтахтро набояд осон дид. То ба шукуфтан даромадани лолаҳо, на танҳо харҷи зиёди харидорӣ ва бо ҳавопаймо эҳтиёткорона овардани тухмиҳову парвардаҳо, роҳ ёфтан ба дили тоҷирони ҷаҳонии гули лола, маъмурони гумруки кишвари Ҳоланд ва иҷрои даҳҳо тадбирҳои дигарро мехоҳад, балки ба роҳ андохтани омӯзишу парвариши гулкорон, ҳунару фаросати нигаҳбонии гулҳои лолаи «аврупоишуда», ниёз ба тайёр кардани кордонҳои боҳавсаларо дорад.
Дар лолазор сохтани боғҳову хиёбонҳои пойтахту деҳот ҷуз аз эҷоди зебоӣ, парастишу гиромидошти ҳар ваҷаб хоки Меҳан, ҳикматҳои зиёде ҷой доранд. Чуноне пайдост чирамандии фарҳанги бегонагон бар сари тоҷикон, дар баробари аз хотир рабудани арзишҳои бешумори хештаншиносии миллӣ, гулшиносӣ ва гулпарастиро низ ба вартаи фаромушӣ супорида буд. Садсолаҳои ахир тоҷикон гулпарастиро танҳо бо сухан баён мекарданд. Аз вожаи «гул» пасованде сохта, гаҳе ба номи духтарони худ мечаспонданд. Ба монанди «Саъбагул», «Рӯзигул», «Шамъигул», «Басгул», вале кам дидаем, ки ба сони русҳову аврупоиҳо ҷавонони мо модарону дӯстдоштагони хешро бо гулдаста пешвоз гиранд, меҳри худро бо азизони умр бохта бо гузоштани дастаҳои гул рӯйи санги мазорашон, изҳор бидоранд.
На ҳама медонанд, ки дар тамоми кишварҳои пешрафта дӯстдорон барои он ки битавонанд эҳсосоти худро ошкор созанд, аз дуконҳои гулфурӯшӣ гулдаста харида онро бо як эҳтиёти хосса рӯйи ду даст ба подоши модар, ё дилдодаи хеш мебаранд. Мардумони хушзеҳн ва бархурдор аз шеваи зиндагии тарбиятёфтаро, ҳамеша гулҳои тару тоза ҳамроҳашон мебошад.
Гулпарастии Сарвари давлатамон идомаи даъвати мардум ба бозоварии хотираи таърихӣ, фарҳанги гумшудаи тоҷикон мебошад. Гулпарастӣ, ба гумони ман, давоми мантиқии танзими расму ойинҳои мардумӣ, гурез аз ҷуфтҷӯйӣ бо хешовандон, бузургдошти ҷашнҳои Наврӯз, Сада, Меҳргон ва рӯ овардан ба китобхонӣ низ мебошад.
Мо дар ин росто бесабаб аз гумшавии хотираи таърихӣ ёдовар нашудем ва ин рухдоди бадро мехоҳам бо овардани лаҳзае аз худсанҷии хеш исбот намоям. Боре ба дӯстам, ки донишманд ва дар омӯзиши забонҳои тоҷикиву русӣ хеле комёб буд гуфтам: «Биё, ҳар кадоме рӯйи варақ номи гулҳоро бо забонҳои русӣ ва тоҷикӣ менависем то бубинем, ки кадомамон бештар унвони гулҳоро медонем». Он дӯст ҳамааш шуда 20 номи гулҳоро бо забони тоҷикӣ ва 30 номро бо забони русӣ дар ёд доштааст. Инҷониб каме бештар бо забони тоҷикӣ ва хеле зиёд бо русӣ унвони гулҳоро сабт карда будам. Гузашта аз ин дарёфтем, ки номи гулҳои зиёдеро бо забони русӣ дар ёд дорем, вале намедонем, ки онҳоро тоҷикони худамон чӣ ном додаанд. Чунончи намедонистем, ки гули «Астра» - ро доноёни тоҷик «Мино», «Магнолия» - ро «Гули Марям», гули «Шиповник» (Хӯч) - ро «Настаран», «Хризантема» - ро «Гули Довудӣ», «Георгин» - ро «Гули Кавкаб» ва донистем, ки гули «Лилия» ҳам обӣ мешавад ва ҳам саҳроӣ, ки дар забони тоҷикӣ обиашро «Нилуфар» ва саҳроияшро «Савсан» ва «Занбақ» низ номидаанд. Бисёриҳо намедонанд, ки «Бунафша», «Ёсуман», «Ёс», «Гули Марворид», «Ҳамешабаҳор», «Гули Атлас», «Гули Ноз» чӣ гулҳоянд ва аксаран дарнарафтаанд, ки «Гвоздика» на Мехчагулак, балки «Гули Мехак» буда,«Шақоиқ» гули лолаи даштӣ мебошад ва гули «Папалоқ» - ро дар адабиёти классикӣ «Бӯйи модарон» номидаанд ва гузаштагонамон дар китобҳои куҳан аз гулҳое ёдовар мешаванд, чун «Гули Шаббӯ», «Гули Лодан», «Гули Занҷабил» ва монанди он. Гулшиносони Аврупо гулеро бо номи «Горный Пион» дар рӯйи замин нобудшуда пиндоштаанд, вале ин гул зери унвони «Гули Муҷах» дар кӯҳи баланди Уштурчаро (ноҳияи Ховалинг) зинда аст. (Гули Пионро дар дуконҳои гулфурӯшии Душанбе метавон пайдо кард, ки «Гули Ашрафӣ» ном дорад, вале ӯ даштӣ буда, бо бӯю рӯйи худ аз Гули Муҷах тафовут дорад.) Ҳамчунон дар Тоҷикистони зебоямон ҳазорон навъи гулҳо моро иҳота кардаанд, ки мо намедонем, номи онҳо чист.
Ҳар гуле ба худ атре дораду маъниву мафҳуми вижа ва ҳамин аст, ки ба ҳангоми подоши гулҳо ба дӯсту ошно дар баробари роиҳаи хушу зебоӣ, паёми дархӯри маъние низ тақдим мегардад. Ҳамон гуна ки подоши шохаи гули садбарг дархӯри маъниест, ки «То зиндаам дӯстат хоҳам дошт», «Ишқи оташини маро бипазир», «Бо ту аз худ бехудам». Гули лола асосан ба вафодорӣ ишора мекунад ва гаҳе мегӯяд: «Ту ки дили маро ғамзада мехостӣ, ин ман ва ин дили ғамзадаи ман. Ва омодаам, ки дар роҳи ишқат аз ҷони худ ҳам бигзарам.…»
Имсол бо ташаббуси хирадмандонаи Пешвои миллат ба хотири зиндасозии фарҳанги гулпарварии тоҷикон, дар кишвар Ҷашни «Сайри гули лола» баргузор гардид, ки ниҳоят зебову хотирмон буд. Чанде аз миллатҳои бофарҳанги ҷаҳон низ ҳамсон ба ин сайругаштҳои зеборо доир мекунанд. Аз ҷумла мардумони зебоипараст ва кордони Япония ҷашнҳое доранд, ба сони «Сайри гули лола» - и мо. Япониҳо дар баҳорон, ба ҳангоми шукуфтани гулҳои дарахтон, сайреро доир мекунанд, бахшида ба гули олуболӯ, унвонии «Саккура» ва дар тирамоҳ «Сайри гули довудӣ (хризантема)», ки шоиронаву романтикӣ мебошанд. Дар рӯзи сайри гули довудӣ агар ҷавон ба духтаре гули Довудӣ тақдим намуда бигӯяд, ки «ту чун гули Довудӣ зебоӣ», дархӯри маъниест, ки дӯсташ дорад ва мехоҳад ӯро барои ба абад ҷуфт шудан, даъват кунад.
Ин диди хешро низ мехоҳам ёдовар шавам, ки даъвати Пешвои муаззами миллат ба гулпарастӣ дар маниши ориёии он кас сарчашма дорад. Гузаштагони мо ҳанӯз аз замони ҳахоманишиён ва каёниён ба гулпарварӣ ва подоши гул аҳамияти хосса медоданд. Дар мавриди гулпарастии ҳахоманишиён метавон гуфтаҳои таърихнигорони Юнони бостонро намуна овард, вале сарчашмаи аз ҳама гӯё сангнигорае дар Тахти Ҷамшед мебошад, ки 2500 сол пеш шоҳаншаҳ Дориюши Бузург бо гулғунчаҳо дар даст бозтоб гардидааст. Дар наздики шаҳри Шероз нақше рӯйи девор бозмондааст, ки мардеро дар ҳолати тақдими дастагул ба бонуе нишон медиҳад. Ва ё дар баъзе сикаҳои замони ашкониён олиҳае бознамоён шудааст, ки дар дас шохаи гуле дорад. Ҳамчунон дар сангнигораҳо шаҳбонуи Куруши Бузург - Мандоно дар ҳолати гулороӣ нишон дода шудааст, ки дар дасту ҷабин гули гулобӣдорад.
Рӯзи ҷашни Наврӯз ба шоҳаншоҳ Баҳроми Гӯр кишвардорони қаламрави ӯ дар баробари армуғонҳои дигар дастагулҳои шоҳона мефиристоданд. Чунончи дар «Шоҳнома» омадааст:

Шутурворҳо нору себу биҳӣ,
Зи гул дастаҳо карда шоҳаншаҳӣ.

Шоҳаншаҳони сосонӣ, ба вижа Хусрави Парвиз ҳамзамон бо оростану перостани дарбор, дар кишвар чаманистонҳо бунёд карда, ба гулпарастии мардум аҳамияти хосса мебахшидааст. Ҳамон гуна ки Ҳаким Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» - и ҷовидонӣ оини ба шикор рафтани Хусрави Парвизро бознамоён сохтааст, дар баробари 700
марди рӯйи дастҳо бози шикорӣ, 700 саги шикорӣ, 2000 ромишгари шутурсавор, 800 шутури пурбори курсиву хаймаву хиргоҳ, шигифтовар аст, ки 200 мард бо дастаҳои гулу арғувон пешопеши корвон ҳаракат мекарданд.
Ин воқеъиятро мебояд ба ёд овард, ки сарварони замони шӯравӣ хоста буданд, лолапарвар будани табиати Тоҷикистон ва гулпарастии хешро бо роҳи аз оҳантунука тарошидани гули лола ва дар пояҳои оҳанини интиқоли барқ часпонидани онҳо намоиш диҳанд. Ҳамин буд, ки бо амри Раҳмон Набиев - раиси Шӯрои вазирони Ҷумҳурии Сотсиалистии Тоҷикистон пояҳои оҳанини хиёбони Рӯдакӣ (он замон хиёбони Ленин) бо гулҳои оҳанин «гулпӯш» гардида, дар назди бинои Шӯрои Олӣ фаввораи хурде бо муҷассамаҳои аз санги хоро тарошидаи гули лола «ороиш» ёфта буд. Ёдам ояд, ки он замон русҳо ва аврупоиҳои муқими шаҳри Душанбе ба ин ҳунари беҳунарӣ ришханд мезаданд. Ва бо ишора ба чунин гулпарастии аз истеъдод дур, шоири тавоное заҳрханд задааст:

Атр маҷрӯҳ аст дар ин шишазор,
Бо гули коғаз намеояд баҳор.


Боиси ифтихор аст, ки имрӯзҳо, чуноне дар боло ёдовар шудем, русҳову аврупоиён гулпарварии тоҷиконро дар саҳифаҳои матбуоти худ ситоиш мекунанд.
Моро тамоми тасмимҳо ва ташаббусҳои Пешвои миллат ба он натиҷагирӣ меоваранд, ки ин шахсияти дар роҳи душвори милатсозӣ устувор, орзӯҳо ва пиндорҳои чандин даҳсолаҳо пеши андешамандони оянданигарро амалӣ мекунанд. Ҳанӯз 37 сол пеш дар суҳбате бо рафиқи рустаборам - корманди дипломатии Сафорати Иттиҳоди Шӯравӣ дар Афғонистон шунида будам, ки чунин гуфта буд: «Парвариши пахта бисёр кори камаршикан аст ва фоидаовар нахоҳад буд, то агар аз пахта матоъ ва сипас аз он либоси бозоргири бозори ҷаҳонӣ истеҳсол нашавад. Тоҷикистони шумо кишвари камназир (уникальный) аст ва шуморо мебояд ба боғдориву гулпарварӣ шуғл варзид. Шумо метавонед дар гулпарварӣ аз Ҳоланд пешрафта гардед ва иқтисодиёти кишваратон дар баробари гулфурӯшӣ, бо тавлидоти атриёту хушбӯиҳо дар ҷаҳон чашмгир хоҳадбуд…»
Ва дар поёни ин ситоиши гулпарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, орзу мекунам, ки гулистони умри бобаракаташон шодобу шукуфону дароз бод!


Back to the list