Ба муносибати 60-солагии доктори илмҳои педагогӣ, профессор, Корманди шоистаи Тоҷикистон, Аълочии маорифи Тоҷикистон, Аълочии фарҳанги Тоҷикистон Мирализода Абдусалом Мустафо китоби пурмуҳтавое зери унвони “Чашмаи меҳр” интишор ёфт.
Китоби “Чашмаи меҳр” фарогири мақолаҳои хотиротии ҳамкорон, дӯстон, фарзандон, бародарон буда, фаъолият ва хизматҳои соҳибҷашн дар он инъикос гардидаанд. Китоб асосан аз се қисмат иборат мебошад: Хотираҳои дӯстону ҳамкорон, Таманиёти фарзандон ва Аксҳои хотиротӣ .
Китоби “Чашмаи меҳр” зери назари академики АМИТ муҳтарам Абдуҷаббор Раҳмонзода таълиф ёфта, дар нашрияи ҶДММ “Нӯшбод” ба интишор расидааст.
Дар бахши Хотироти дӯстону ҳамкорони китоб, мақолаҳои пажӯҳишии донишмандон ва адибони овозаманди Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдуҷаббор Раҳмонзода, Имомзода М.С, Шермуҳаммад Шоҳиён, Нуриддин Саид, Фарҳод Раҳимӣ, Шарифзода Файзулло, Муҳаммад Ғоиб, Давлатзода Сайфиддин, Давлатзода Қудрат, Кучарзода Аламхон, Умар Сафар ва дигарон ба табъ расидаанд.