Бо ташаббуси МИҲД ш. Кӯлоб ва роҳбарияти Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар Кохи фарҳанги шаҳр нишасти фарҳангӣ унвонии «Ширу шакар», бо шоири овозаманди тоҷик Хосият Вализода, доир гардид.
Дар толори Кохи фарҳанг, ки 500 ҷойи нишаст дорад бештар омӯзгорон, донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Коллеҷи омӯзгорӣ ва ҳаводорони зиёди шеъри наѓзи Хосият Вализода ҳузур доштанд.
Нишасти «Ширу шакар», бар пояи Паёми Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон доир гардид.
Ҳамоиши пуршукӯҳро муовини раиси шаҳри Кӯлоб Ҳамидиён Орзӯ кушода, нишастагонро ба ин маҳфили шеъру тарона шодбош гуфт.
Ҳамидиён Орзӯ сипосномаи МИҲД - ро бо дастагули тарутозаи баҳорӣ аз номи раиси шаҳри Кӯлоб Узви Маҷлиси Миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Вализода Абдуқодир Исуф ба адиби фарҳехта Хосият Вализода супорид.
Маҳфили номбурда дар ҳақиқат ба “ширу шакар” шабоҳат дошт, зеро он дар фазои шеърхонӣ ва таронасароиҳои иштирокдорон ва ҳунармандони босалиқаи Кохи фарҳанг доир гардид.
Ҷолиб он буд, ки аз толор як қатор донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳ порчаҳои нағзеро аз китобҳои шоир бо як бадеияти вижа хонда, дар зимн ба Хосият Вализода саволҳо доданд, ки шеваи пажӯҳишӣ доштанд.
Шоири ҷавон, хатмкунандаи факултаи филологияи тоҷик ва рӯзноманигорӣ Фазилат Барфакзода шеъри худро дар пайравӣ бо сабки Хосият Вализода бо як бадеияти хосса хонд.
Сухангустари ҳамоиш устод Зафар Мирзоён бо суханони зебо дуруст гуфт, ки «Шаҳбонуи сухани дарӣ Хосият Вализода ҷуз дорандаи медади «Хизмати шоиста», нишони Иттифоқи нависандагон «Сухан», барандаи ҷоизаи ба номи Ашӯр Сафар, ҷонишини раиси Бунёди Сулҳи Тоҷикистон, узви фахрии Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон «Пайванд», сарвари собиқадорони Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ш. Кӯлоб, сарвари Ташкилоти Ҷамъиятии Армуғони Сулҳ, ба осорхонаи пурхотираву пурмаънӣ табдилдиҳандаи хонаи падарӣ - хонаи шоири бузурги тоҷик устод Саидалӣ Вализода буда, калимаҳои зиёдеро аз забони модарии худ ба ганҷинаи забони тоҷикӣ - форсӣ илова кардааст.»
Хеле диданиву ҷолиб буд, ки набераҳои шоир, ки абераҳои устод Саидалӣ Вализода мебошанд, модарбузургашонро гулдастаҳо бахшида, шеър хонданд ва бомаҳорат рақс карданд.
Муовини ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дотсент Шарофат Худойдодова дар гуфтори хеш ёдовар шуд, ки се сол пеш дар нишасти сарони бахши фарҳангии Иттиҳоди кишварҳои муштаракулманофеъ, ки он ҳайатро собиқ вазири фарҳанги Русия Михаил Ефимович Швыдкой роҳбарӣ мекард, Хосиятбону чанд шеъри хешро бо забони русӣ хонд ва он шеърҳо ба меҳмонон ниҳоят писанд омаданд. Онҳо шеърҳои ӯро бо худ бурда дар нашрияи “ Форум”Русия ба чоп расонданд. Ҳамчунон шоири ширинбаёни тоҷик Файз Ашӯр дар тавсифи Хосият ва дӯстии падараш бо устод Сайдалӣ Вализода, суханони хотирмон гуфтанд.
Гуфтан ба маврид аст, ки дар ин нишаст узви Иттифоқи нависандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон нависандаи шинохтаи адабиёти бачагона Ҷура Ҳошимӣ, суханронӣ намуда бо гуфтори ҷолиби худ аҳли толорро хушнуд гардонд.
Дар поёни суханрониҳо хоҳари шоир Шарофат Вализода ба барпокунандагон ва ҳаводорони эҷодиёти Хосият аз номи худ ва ҳама наздикони хонадони Вализодаҳо изҳори сипос намуда, гарчи аз пеша табиб ҳам бошад, шеъри нағзу зебо ва достонгунаи ӯро хонд.
Хосият Вализода аз шоиронест, ки бо дили хонанда сару кор гирифта, солҳост шеърпарастон сурудаҳои ӯро писандидаанду дӯст доштаанд. Инро гувоҳ шумори зиёди таронасароёни овозаманди тоҷик, аз ҷумла Давлатманд Холов, Парда Қосимов, Нигина Рауфова, Сурайё Қосимова, Лола Азизова, Афзалшоҳи Шодӣ, Иззат Шарифӣ, Абдулшаҳиди Саодатшоҳ, Мадина Ҳакназарова, ҳунармандони кишварҳои ҳамзабони Афғонистону Эрон Шаҳло Залонд, Аҷмал Заҳин, Рамтин ва дигарон мебошанд, ки ба шеъри равону наводори Хосият Вализода таронаҳои дилнишини сурудаанд.
Дар миёни ҳар гуфтумонҳо ва шеърхониҳо ҳунармандони босалиқаи Кохи Фарҳанг, аз ҷумла Шараф Азизов, Нурулло Холов, Кавгинисо Гадоева, Муҳаммадӣ Ҳасан, Сайҷамол Шоимов таронаҳои тозаеро ба шеърҳои Хосият Вализода суруданд. Ин дастаи ҳунарии хушзавқро мудири бахши фарҳанги МИҲД ш. Кӯлоб Муродмад Раҳимов ва аълочии фарҳанг ва маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Холов роҳбарӣ карданд.
Маркази матбуотӣ